Дар шумораи нави газетаи “Азия-Плюс” роликҳои рекламавиро метавон тамошо кард. Барои Тоҷикистон ин воситаи комилан инноватсионии digital-маркетинг барои пешбурди хизматгузориҳои рекламадиҳандагон аст.

Ба гуфтаи директори генералии Asia-Plus Media Group Умед Бобохонов, оянда маводи газетаро натанҳо хондан, балки тамошо кардан имконпазир мегардад.

“Дар бозори рекламаи Тоҷикистон ин як озмоиш аст. Минбаъд ният дорем, ки дигар маводи газетаро низ бо воқеияти иловашуда ба чоп расонем, то ки хонандагони мо дар баробари хондани матн аз тамошои видео низ баҳра баранд”, - мегӯяд Умед Бобохонов.

Барои санҷиши чӣ гуна кор кардани ин восита иҷрои ҳамагӣ СЕ кор лозим аст. Инро шумо худи ҳозир дар саҳифаи газтеи имрӯзаи мо (аз 27.09.2018 сол) анҷом дода метавонед.

1. Замимаи ARGIN дар Play Market ё App Store-ро ба смартфони худ барчинед (скачивать).

2. Замимаро ба кор дароварда, онро дар рӯи яке аз ду сурат дар саҳифаи 5 ё ба рекламаи “Ориёнбонк” дар муқоваи мо гузоред.

3. То пурра ба кор даромадан якчанд сония интизор шавед.

Аз тамошо ҳаловат баред!

Мо барои таҳияи чунин рекламаҳо дар газета барои Шумо омодаем. Муштариёни имконпазири Шумо ба он баҳои арзанда хоҳанд дод!

Ин хизматгузориро бо телефони +992 93 576 55 56 ё тариқи почтаи электронии [email protected] фармоиш дода метавонед.

Ҳамчунин метавонед ба дафтари кори мо дар бинои “Шарқи озод”: Душанбе, кӯч. Саъдии Шерозӣ, 1, ошёнаи 2-юм муроҷиат намоед.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.