Дар ду рӯзи наздик обуҳавои софу бебориш пешгӯӣ мешавад, лекин аллакай аз 13 октябр боришот оғоз гардида, дар кӯҳҳо барф меборад.

Дар Агентии обуҳавошиносӣ имсол барвақт омадани сардиҳо ва якбора 10-15 дараҷа поинравии ҳароратро ба сиклони хунук нисбат медиҳанд, ки аз Урал ба Тоҷикистон омадааст.

Дар кӯҳҳо аллакай борон ба барф табдил ёфта, аз ҷумла дар баландкӯҳҳои вилояти Суғд, ноҳияҳои Файзобод, Рашт ва дар Помир барф борид.

Себҳои ғарқи барф дар дарахт
Акс аз Абӯмуслим Қаландаров

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, рӯзҳои 11-12 октябр дар аксари минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳавои софу бебориш дар назар буда, ҳарорат боло меравад.

“Аммо чунин обуҳаво дер намепояд: аз 13 октябр дар ҷумҳурӣ боз боришот оғоз гардида, дар кӯҳҳо барф меборад”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори Агентии обуҳавошиносиии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева.

Аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки кишоварзон пешакӣ аз боришот огоҳ карда шуда буданд.

“Боришот ба деҳқонон зараре нарасонида, баръакс чангу хоки растаниҳоро шуст ва акнун кору нафасгрии кишоварзон осонтар шуд. Боришоти рӯзҳои охир ба маъракаи ҷамъоварии ҳосил таъсири назаррасе нарасонид”, - гуфтанд дар Вазорат.

Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки боришот агар аз як тараф кори деҳқононро мушкил карда бошад, аз ҷониби дигар, ба сифати пахта таъсир расонида, метавонад ба паст шудани сифати он боис гардад.

Дар робита ба обуҳавои номусоид ва шикояти ронандагон аз душвор шудани ҳаракат тариқи роҳи Душанбе – Хуҷанд, котиби матбуотии ширкати IRS Далери Абдулло изҳор намуд, ки ширкат ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ дар мавсими сармо омода аст.

Акс аз корбар Bobojon Khudoyberdiev

“Ҷиҳати саривақт тозакунии қитъаҳои роҳ 10 ҳазор метри мукааб реагентҳои махсус ва беш аз 250 ҳазор тонна сӯзишворӣ захира шуда, техникаи махсуси тозакунии роҳ ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор дорад”, - гуфт ӯ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.