Ба анҷоми сохтмони Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе 9 сол пур мешавад: он 12 октябри соли 2009 бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Волоҳазрат Шоҳзода Карим Оғохони IV мавриди истифода қарор гирифта буд.

Ин панҷумин маркази исмоилия дар саросари ҷаҳон аст. Қаблан чунин марказҳо дар Британияи Кабир, Канада, Португалия ва Амороти Муттаҳидаи Араб сохта шудаанд.

Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе натанҳо ҷойи ибодат, тавре ки бисёриҳо гумон мекунанд, балки маркази фарҳангие низ мебошад, ки ба наздикшавӣ ва муколама байни фарҳангҳои гуногун ва дину мазҳабҳо мусоидат менамояд.

1/29

Танҳо ҷамоатхона бинои хос динист, ки дар он пайравони мазҳаби исмоилия барои ибодат меоянд. Рӯзҳои шанбе ва якшанбе дарҳои марказ барои ҳамаи хоҳишмандон боз аст: аз соати 9 то соати 12 барои шахсони хоҳишманд экскурсия гузаронида мешавад.

Сохтмони марказ соли 2006 оғоз гардида буд. Тамоми қаламрави Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе 16 гектар ва бинои марказ 3 гектарро фаро мегирад. Барои бунёди деворҳои марказ аз Самарқанд 3 миллион дона хишт оварда шуд. Дохили бино ба аз 4 бахш – маъмурӣ, иҷтимоӣ, барои ҷавонон ва маърифатӣ бо китобхона иборат аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.