Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳоро оид ба сохтмони майдончаҳои варзишӣ, ободу кабудизоркунии гулгаштҳо дар қаламрави шаҳри Душанбе тасдиқ намуд.
Бо дастури ҳукумат вазорату идораҳо ва ташкилоту корхонаҳои давлатӣ ба сохтмони яктогӣ майдончаҳои варзишӣ дар ноҳияҳои гуногуни пойтахт уҳдадор шуданд.
Аз ҷумла, дастур дода шудааст, ки 23 чунин иншоот дар қаламрави ноҳияи Сино, 15 – дар ноҳияи Фирдавсӣ ва 10-тогӣ – дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансур бунёд карда шавад.
Гулгаштҳои ободу зебо дар шаш мавзеи ноҳияи Сино ва як мавзеи ноҳияи Шоҳмансур сохта хоҳанд шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар маҷлиси имрӯза Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз татбиқи фармоиши ҳукумат, ки дар асоси он аз ҷониби 86 вазорату идора ва шахсони алоҳида дар шаҳри Душанбе 92 майдончаи варзишию бозии кӯдакон бунёд ва таҷдиду навсозии 12 боғу гулгашт дар сатҳи баланд амалӣ гардид, ёдовар шуда, аз номи ҳукумати ба вазорату идораҳо ва шахсони алоҳидае, ки дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе чунин иншоот бунёд карда, дар ободу зебо гаштани он нақши худро гузоштаанд, изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Дар маҷлиси ҳукумат бо натиҷагирӣ аз ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявӣ ва барои иҷрои сифатноки корҳои бунёду навсозии майдончаҳои варзишӣ ва боғу гулгаштҳо 41 ғолиби озмун ҳавасманд ва бо туҳфаҳо қадршиносӣ карда шуданд.
Вазъи майдончаҳои бозии кӯдакон чӣ гунаву кӣ ба онҳо ҷавобгӯ аст?
Тайи ду соли охир дар шаҳри Душанбе майдончаҳои ободу зарурии варзишӣ ва бозии кӯдакон бунёд гардида, вале баъди ба истифода додани онҳо, аксарашон бесоҳибу рӯ ба вайрониву харобӣ овардаанд.
Тобистон мо аз чанде аз майдонҳо боздид намуда, бовар ҳосил кардем, ки онҳо “зебоии пештара”-и худро гум карда, рӯ ба харобӣ овардаанд: арғунчакҳо шикаста, майдончаи қумбозӣ пур аз партов, аксари аттраксионҳо кафшершуда ё бо занҷирҳо бастаанд.
Масъули сохтмони майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон дар шаҳри Душанбе Раҳматшо Камолов он замон дар мавриди киҳо ҷавобгар будан ба ин майдонҳо ба “Азия-Плюс” изҳор намуда буд, ки онҳо танҳо ба майдонҳои аз ҷониби ҳукумати шаҳр сохташуда (майдончаҳо аз ҷониби ширкатҳои хусусӣ ва соҳибкорон низ бунёд гардидаанд) масъул буда, дар ҳар як ноҳия оид ба назорату нигоҳубини майдончаҳо шахси масъул вобаста шудааст.
“Майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон, ки давоми солҳои 2010-2016 сохта шудаанд, шахсони масъул доранд, лекин майдончаҳое, ки тӯли солҳои 2017-2018 бунёд гардидаанд, айни замон шахсони масъул надоранд”, - гуфта буд ӯ он замон.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.