Дар Душанбе нахустин озмуни зебоӣ байни духтарони маъюб гузаронида шуд. Зинаи аввалро дар он Манижа Нозимова аз Конибодом ишғол намуд. Манижа ношунаво ва гуфтугӯ карда наметавонад, лекин дӯзандаи касбӣ буда, таъомҳои болаззат мепазад.

Чорабинии мазкур дар доираи Конгресии миллии шахсони дорои имконияти маҳдуди солимӣ баргузор гардид.

Дар ин ҷо дар навбати аввал ба мавқеи фаъоли иштироки 12 нафар духтарони маъюб дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сипас аз зебогии онҳо баҳогузорӣ шуд.

Ин хабар дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” таҳия шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.