Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум доир гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар оғози кори иҷлосия ҳисобот «Оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2018 пешниҳод гардид.

Аз ҷумла гуфта шуд, ки маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар семоҳаи сеюми соли 2018 ба 9,3 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,7% фоиз ва саҳми он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 19,5 фоизро ташкил дод.

Ҳаҷми умумии гардиши савдо 6 миллиард сомониро ташкил додааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта  19,4 % афзоиш ёфтааст.

Иҷлосия буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2019-ро қабул ва аз рӯйи нишондиҳандаҳо даромад ва хароҷоти буҷети шаҳрро муайян намуд. Ҳамчунин иҷрои буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2017 тасдиқ гардид.

Дар идомаи кори иҷлосия пешниҳоди Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон оид ба тағйир додани сарҳади шаҳри Душанбе, ки бо Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ ва мақомоту сохторҳои дахлдор мувофиқа шудааст, баррасӣ гардида, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо қарори иҷлосия ҷиҳати тағйир додани сарҳади шаҳри Душанбе розигӣ доданд.

Гуфта мешавад, тибқи санади мазкур сарҳади шаҳри Душанбе тағйир дода шуда, аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ майдони умумии 7,6 ҳазор гектар қитъаи замин ба ҳудуди маъмурии шаҳри Душанбе ворид карда мешавад.

1/6

Васеъ кардани қаламрави мавриди сохтмону азхудкунӣ қарордоштаи шаҳр аз 12,7 ҳазор гектари ҳозира то ба 18 ҳазор гектар дар соли 2025, то 25 ҳазор гектар – дар соли 2040 ва 30 ҳазор гектар – баъди соли 2040 ба нақша гирифта шудааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ уҳдадор мешаванд, ки дар қитъаҳои замини муайяншуда ба сифати қаламрави рушди минбаъдаи шаҳр бар асоси Нақшаи генералӣ, ба бунёди иншооти сохтмони асосӣ ва шинонидану ниҳолу дарахтҳои парваришашон бисёрсола роҳ надиҳанд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.