Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон сабаби бад будани алоқаи мобилиро дар шаҳри Душанбе ва ба сурати умум дар саросари кишвар шарҳ дод.

Бино ба гуфтаи муовини сардори Хадамоти алоқаи кишвар Илҳомҷон Атоев, “барои доштани алоқаи боэътимоди мобилӣ насби ҳарчи бештар пойгоҳҳои заминавӣ (базовая станция) зарур мебошад».

“Гап сари он аст, ки аҳолии шаҳри мо ба насби пойгоҳҳои заминавӣ муносибати манфӣ доранд. Масалан, дар гирду атрофи биноҳои нави баландошёна умуман гузоштани чунин пойгоҳҳоро манъ мекунанд, ки ҳамаи ин ба бад шудани сифати алоқаи мобилӣ боис мегардад”, - гуфт Атоев ба журналистон зимни нишасти хабарии рӯзи 28 январ.

Зимнан зикр шуд, ки “зарари алоқаи мобилиро тавре шарҳ медиҳанд, ки он беҳад зиёд будааст, лекин агар вазъ чунин мебуд, пас технологияи алоқаи барқӣ бо ин суръат рушд намекард”".

“Пойгоҳҳои заминавӣ мувофиқи меъёрҳои байнулмилалӣ ва тавсияи Иттифоқи байнулмилалии алоқа гузошта мешаванд. Агар он воқеъан ҳам зарар дошта бошад, пас чаро мо онҳоро ҳамеша ҳамроҳи худ дорем? Охир дар ин ҳолат он бояд ба солимии мо зарар мекард-ку? Гапи дигар истифодаи беҳад зиёди натанҳо телефони мобилӣ, балки ба гунаи мисол истеъмоли беҳад зиёди хӯрокворӣ низ буда метавонад, ки он ҳам ба саломатӣ зиён меорад”, - қайд кард Атоев.

Тибқи маълумоти Хадамоти алоқа, дар саросари кишвар 22 ҳазор пойгоҳҳои заминавӣ насб шудааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки чанд соле пеш шумори онҳо 26 ҳазор ададро ташкил медод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.