Ҳунарманд аллакай бо киностудия қарордод баста, наворбардории сериал тобистони соли равон оғоз меёбад. Ба гуфтаи Ёрова, ӯ дар Истанбул аз озмун гузашта, миёни даҳҳо нафар ҳунармандони довталаб ба иҷрои нақши маликаи форс ғолиб омадааст.
“Сериал таърихӣ буда, мавзӯи мубориза барои тахту тоҷро дар бар мегирад. Ман кайҳост, ки иҷрои нақши маликаро орзу доштам ва ба мақсад расидам. Ҳунарманди шинохтаи турк Бурак Озчивит нақши писари маро мебозад”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” Моҳпайкар Ёрова.
Ҳунарманд қайд кард, ки алҳол маълумотро дар бораи сюжети филм ифшо карда наметавонад. Ҳамчунин зикр шуд, ки ҳангоми аз озмун гузаштан дар Истанбул ба ӯ вохӯрӣ бо Бурак муяссар нагардидааст.
“Вақте ман дархост намудам, ки бо Бурак вохӯраму акс бигирам, ба ман иҷоза надоданд. Он ҷо барои вохӯриву суҳбат ва аксбардорӣ бо ҳунармандони маъруф бояд пешакӣ худро ба қайд гузошта, маблағи муайянеро ҳам пардохт намоӣ”, - иброз дошт ӯ.
Моҳпайкар Ёрова - ҳунарманди шинохтаи тоҷик дар Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов фаъолият дошта, дар бисёр филмҳо, аз ҷумла филмҳои русиягии “Турецкий транзит», «Золотой запас», ҳамчунин дар филми таҳияшуда аз ҷониби намояндагони Тоҷикистону Русия - «Четвёртая сторона треугольника» ва боз дар як қатор филмҳои коргардонҳои Тоҷикистон, аз ҷумла “Ормонҳо”, “Журналист”, “Убури сангин” ва ғайра нақш офаридааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.