Чанд рӯзи охир чанде аз сокинони пойтахт ба идораи хабаргузорӣ муроҷиат намуда, дархост карданд, ки масъалаи бамиёномадаро дар бораи болоравии нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ шарҳ диҳем.

Аз ҷумла дар ин робита онҳо изҳор доштанд, ки дар баъзе микроавтобусҳо (маршршруткаҳо) ронандагон мусофиронро доир ба болоравии нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ огоҳ мекардаанд.

Бино ба гуфтаи онҳо, тарифи нав барои як маротиба истифода бурдан аз ин микроавтобусҳо гӯё 2 сомониву 70 дирамро ташкил медодааст.

Дар мақомоти шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” дар мавриди ин масъала қайд карданд, ки ин овозаҳо ягон асоси воқеӣ надоранд.

“Ин масъала ҳатто мавриди баррасӣ қарор надорад ва ба гумон аст, ки ояндаи наздик низ ба миён гузошта шавад”, - иброз дошт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки ахиран нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт моҳи феврали соли 2018 боло рафта, мувофиқи он, равуои якдафъаина дар троллейбус – 1 сомонӣ, автобус – 1 сомониву 20 дирам ва микроавтобусҳо (маршруткаҳо) – 1 сомониву 60 дирам муқаррар шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.