Сокинони Тоҷикистон шикоят доранд, ки дар ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр” дигар ба мусофирон хӯроки гарм намедиҳанд. Мо кӯшиш кардем, ки ба ин масъала каме равшанӣ андозем.

Дар ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар мавриди ин масъала хабар доданд, ки мувофиқи Дастури нав оид ба таъмин бо хӯрок дар ҳавопаймо, ки аз ҷониби Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон таҳия шудааст, ширкат ба таркиби хӯрок дар доихли ҳавопамйо каме тасҳеҳот ворид намуд.

“Тибқи муқаррароти Дастури зикршуда ва дигар санадҳои байнулмилалии меъёрӣ, хӯроки гарм ба мусофирони хатсайри муҳлати парвозаш беш аз 3 соат, ҳамчунин мусофирони дараҷаи тиҷоратӣ сарфи назар аз самти парвоз дода мешавад”, - гуфтанд дар ширкат.

Ба гуфтаи онҳо, дар хатсайрҳои муҳлати парвозашон то 3 соат ба мусофирон сендвичу кекс ва нӯшокиҳо дода мешавад.

“Бо хӯроки гарм таъмин накардан ба арзиши парвоз таъсир мерасонад. Масалан, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта айни замон дар баъзе самтҳо поинравии арзиши парвоз ба андозаи 12% ба мушоҳида мерасад, ки маҳз ба мавҷуд набудани таъминот бо хӯроки гарм вобаста аст”, - изҳор доштанд дар ширкат.

Қоибли зикр аст, ки вақти парвоз аз Душанбе ба Маскав 4,5 соат давом карда, ба гумони ғолиб, аз 3 соат зиёдтар аст ва мантиқан бояд ба мусофирони ин хатсайр хӯроки гарм пешниҳод шавад. Шарҳи ин масъаларо дар ширкат рад карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.