Турсуной Зокирова, ки бо иштирок ва пирӯзиаш дар барномаи телевизионии “Муҳорибаи эксрасенҳо” байни ҷомеа маъруф аст, тасмим гирифт, ки роҳи кӯчаеро дар зодгоҳаш - шаҳри Гулистон таъмиру навсозӣ намояд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар шаҳри Гулистон чанде пеш бо иштироки раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода мумфаршкунии роҳи автомобилгарди кӯчаи ба номи Максим Горкий оғоз ёфт.

Гуфта мешавад иқдоми мумфаршсозии кӯчаи ба номи Максим Горкий бо ташаббуси соҳибкор Турсуной Зокирова сурат мегирад.

Ёдрас мешавад, ки шуд, ки мумфаршкунии роҳи автомобилгарди кӯчаи ба номи Максим Горкий аз бурриши кӯчаи Истиқлол оғоз гардида, то варзишгоҳи марказии шаҳр идома меёбад.

Зикр мегардад, ки дар доираи корҳои таъмиру навсозӣ мумфаршсозӣ чароғонкунӣ, сафолакпӯш намудани роҳравҳо ва кабудизоркунии шафати кӯча низ ба назар гирифта шудааст. Масоҳати умумии роҳи мумфаршшаванда 5 000,0м2 дар бар мегирад.

Ин нахустин ташаббуси Турсуной Зокирова нест. Моҳи марти соли 2015 бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қайроққум як бинои панҷошёнаи истиқоматӣ, ки аз ҷониби соҳибкорзани маҳаллӣ Турсуной Зокирова сохта шуд, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.

 

Эмомалӣ Раҳмон ва Турсуной Зокирова дар маросимиифтитоҳи бинои истиқоматӣ
Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Бинои истиқоматӣ дорои 35 хонаи зебою барҳаво буда, соҳибкорзан иттилоъ дод, ки 10 хонаи онро ба маъюбон, ятимон ва оилаҳои ниёзманд ройгон тақдим мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.