То оғози соли нави хониш каме бештар аз як ҳафта боқӣ монда, ба фарзандон бояд либосу лавозимоти мактабӣ харем.

Мардум ба харидории сарулибос ва дигар лавозимоти зарурӣ барои таҳсил дар мактаб шурӯъ намудаанд, лекин алҳол на он қадр фаъолона.

Ярмаркаҳои фурӯши сарулибос ва лавозимоти мактабӣ дар аксари бозорҳо алҳол боз нашудааст. Дар чанде аз ҷойҳо танҳо лавҳаи ярмаркаро мебинеду халос. Раҳбарият мегӯяд, ки ярмаркаро аз 25 август оғоз мекунанд.

Ба ҳар ҳол, мо аз баъзе бозорҳои Душанбе боздид намуда, ба нарху наво мароқ зоҳир кардем ва ҳамчунин аз мардум пурсидем, ки то куҷо нархҳо дастрасу қобили қабуланд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.