Ҷавонони тоҷик ба хориҷи кишвар натанҳо барои пулкоркунӣ, балки барои таҳсил ва гирифтани маълумоти олӣ низ мераванд. Ҳамасола садҳо нафар ҷавонони тоҷик талош меварзанд, ки ба макотиби олии кишварҳои хориҷӣ, бахусус Русия дохил шаванд.

Ин хоҳиши тоҷикистониёни ҷавонро коршиносон ба як қатор омилҳо - гирифтани маълумоти сифатнок, васеъ кардани ҷаҳонбинӣ ва дар ниҳояти кор, дастрас намудани шаҳрвандӣ ва кор дар ин кишвар нисбат медиҳанд.

Шаҳром Ширинов имсол донишҷӯи гурӯҳи буҷетии факултаи “барномасоз-муҳандис”-и Донишгоҳи давлатии техникии Твери Русия шуд. Хоҳараш ҳам дар ҳамин шаҳр таҳсил карда, аз ин рӯ, ӯ хароҷоти зиндагӣ кардан дар ин шаҳрро хуб медонад.

Бино ба гуфтаи Шаҳром, ки аллакай дар ҷойи таҳсил аст, ӯ рӯйхати хароҷот дар моҳи аввалро тариб дода, он 80 ҳазор рубли русӣ (ҳудуди 1150 доллар)-ро ташкил додааст.

“35 ҳазор рубл барои билет аз Тоҷикистон то Твер, 10 ҳазор барои иҷораи манзил, 25 ҳазор рубл барои истифодаи нақлиёт ва дигар хароҷот. Фикр мекунам, ки чунин хароҷоти зиёд аз гаронии нархи билети ҳавопаймо ба вуҷуд омад. Агар пули билетро ҳисоб накунем, нисбат ба Маскаву Питер дар Твер хароҷот хеле камтар аст”, - мегӯяд ӯ.

Ба қавли донишҷӯдухтари тоҷик Замира, ки дар Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия (РУДН) дар Маскав таҳсил мекунад, хароҷоти ӯ дар як моҳ тақрибан 600 долларро ташкил медиҳад, ки барои Маскав пули начандон зиёд аст.

“Вақтҳои аввали дохилшавӣ ба мактабҳои олии Русия хароҷоти донишҷӯён хеле зиёд аст, лекин баъдан осонтар мешавад, чунки онҳо ба харҷи сарфакоронаи пул сарфаҳм рафта, ҳамчунин пулкоркуниро низ ёд мегиранд”, - мегӯяд ӯ.

Сокини шаҳри Душанбе Сабзина Алишерова бо духтараш, ки ба донишгоҳи Санкт-Петербург қабул шуд, айни замон дар ин шаҳр қарор дошта, хобгоҳ ё ягон манзили дигари зистро барои фарзандаш ҷустуҷӯ доранд.

“Барои донистани хароҷоти моҳонаи ӯ мо ҳамаашро ҳисобу китоб кардем. Ӯ духтар аст ва мо тасмим гиифтем, ки вақтҳои аввал бо хешовандамон дар як хона зиндагӣ мекунад. Ҳар моҳ ӯ бояд 10 ҳазор барои хона, 7 ҳазор барои маҳсулоти хӯрокворӣ, 20 ҳазор хароҷоти нақлиёт, лавозимоти хониш ва ғайра пул пардохт намояд. Ин барои мо гарон аст, лекин хубиаш дар он аст, ки духтари мо дар гурӯҳи буҷетӣ таҳсил мекунад. Вагарна моро лозим меомад, ки ҳар моҳ танҳо барои хароҷоти зикршуда ба ӯ 35 ё 40 ҳазор рубл маблағ фиристем. Боз либосу пойафзол ҳам лозим аст. Минбаъд вақте ки ӯ стипендия мегирад, хароҷоти мо камтар мешавад”, - мегӯяд модари донишҷӯдухтар.

Беш аз 2 ҳазор нафар донишҷӯён аз Тоҷикистон айни замон дар Русия таҳсил мекунанд. Миёни онҳо касоне ҳам ҳастанд, ки тибқи квота дохил шуда, бепул бо хобгоҳ таъмин мешаванду стипендияи хуб мегиранд. Лекин боз донишҷӯёне ҳам ҳастанд, ки ҳатто тобистон ба хонаашон - ба Тоҷикистон омада наметавонанд, чунки ба кор медароянд, то ки маблағе ба даст оварда, ташвиши волидонро камтар созанд.

Аксарият чунин мешуморанд, ки таҳсил дар хориҷи кишвар душвор аст, лекин бо вуҷуди ин, шумори довталабони тоҷикистонӣ ба таҳсил дар мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ тайи солҳои охир меафзояд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.