Ду сол пеш 58%-и аҳолии Русия чунин ақида доштанд ва акнун ин нишондод ба 70% расидааст.

Қариб 72%-и аҳолии Русия бар ин назаранд, ки ҳукуматдорони он бояд вуруди шаҳрвандони хориҷии барои пулкоркунӣ мемадаро маҳдуд созанд.

Чунин аст натиҷаи назарсанҷии ҷомеашиносии “Левада-центр”. Дар ин бора “Интерфакс” хабар медиҳад.

Танҳо 9%-и пурсидашудагон (ҳар як даҳум русиягӣ) ақидаи ба ин мухолиф доранд. Боз 15%-и онҳо ба сиёсати муҳоҷирати ҳукуматдорон таваҷҷуҳе надоранд.

Маълумоти назарсанҷӣ гувоҳи афзоиши шумори шаҳрвандонест, ки вуруди қувваи кории хориҷиро хуш надоранд. Ҳамин тариқ, моҳи июли соли 2017 - 58%-и русиягиҳо чунин ақида дошта, баъд аз як сол шумори онҳо ба 67% расидааст.

Ғайр аз ин, назарпурсӣ аз коҳиши шумори русиягиҳое шаҳодат медиҳад, ки мусоидат ба вуруди муҳоҷирони меҳнатиро ба кишвар муфид медонанд: соли гузашта 14%-и пурсидашудагон чунин назар доштанд.

Таҳқиқот ҳамчунин нишон дод, ки шумори шаҳрвандони бетаваҷҷуҳ ба сиёсати муҳоҷиратии ҳукуматдорон тайи ду соли охир ду баробар кам шудааст: моҳи июли соли 2017 сафи бетарафон 30%-ро ташкил дода буд.

Назарсанҷии умумирусиягӣ рӯзҳои 22-28 августи соли 2019 байни 1608 нафар аҳолии синни аз 18-сола боло гузаронида шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.