Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки маблағҳои интиқолиашонро аз Тоҷикистон тавассути низоми “Золотая корона” фиристода буданд, метавонанд онро аз бонкҳои ҷумҳурӣ бозпас гиранд.
Тавре шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, шаҳрвандоне, ки маблағҳои интиқолиашонро аз Тоҷикистон тавассути низоми “Золотая корона” фиристода буданд, метавонанд рӯзҳои 24-25 декабри соли 2019 (дар давоми ду рӯз) аз ташкилотҳои қарзии кишвар бозхонд карда гиранд.
“Ҳамзамон маблағҳои интиқолие, ки тавассути “Золотая Корона” дар дохили кишвар анҷом дода шудааст (аз як ноҳия ба ноҳияи дигар), ба шаҳрвандон баргардонида мешаванд”, - омадааст дар маълумот.
Гуфта мешавад, ташкилотҳои қарзиро зарур аст, муштариёни худро, ки чунин интиқолҳоро тавассути низоми “Золотая Корона” анҷом додаанд, оид ба бозхонд ва баргардонидани интиқолҳояшон хабардор карда, дар ҳолати зарурат барои аз нав интиқол додани маблағҳои гирифташуда тавассути низомҳои пардохтии “Контакт” ва “Юнистрим”, ё кортҳои интиқолӣ мусоидат бикунанд.
“Дар ҳолати ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудан, шаҳрвандон метавонанд дар хориҷи кишвар, бевосита ба НП “Золотая корона” бо рақами +7 (495) 96 00 555 (шабонарӯзӣ); намояндагии он дар Тоҷикистон бо рақами +992 90 888 80 80 муроҷиат намоянд”, - қайд мешавад дар хабари БМТ.
Дар сурати ҳал нашудани муроҷиат ё таъмин нагардидани пардохти маблағи интиқолшуда, шаҳрвандон метавонанд бо рақамҳои (44)-600-15-20, (44)-600-28-63 ва ё почтаи электронии [email protected] ба Идораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Бонки миллии Тоҷикистон ба таври фаврӣ муроҷиат кунанд.
Ёдовар мешавем, ки аз 3-юми декабр Бонки миллии Тоҷикистон ба фаъолияти Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисоб оғоз бахшид.
Айни замон интиқоли маблағ танҳо тавассути низомҳои “Юнистрим” ва “Контакт” имконпазир аст. Бар асари муроҷиати шумори зиёди мизоҷон барои фиристодан ё гирифтани пул, дар кори ин низомҳо баъзан нуқсон пайдо мешавад.
Низоми “Золотая корона” пайваст шудан ба Маркази миллии протссесингиро рад карда, амали худро бо он асоснок намуд, ки ин тартиботи нав бар хилофи қонунгузории Русия аст.
Дар ҳамин ҳол, БМТ борҳо даъват кард, ки пулҳои тариқи низоми “Золотая корона” фиристода бозхонд ва аз истифодаи ин низом, ки бо тартиби пешина беш аз 80%-и ин бозорро дар даст дошт, худдорӣ варзида шавад.
Қаблан Бонки миллӣ хабар дода буд, ки бо дигар низомҳо низ гуфтушунид ҷараён дошта, то 20-уми декабр “Вестерн Юнион” ба марказ пайваст мешавад. Дар Бонки миллӣ эътироф карданд, ки алҳол “мушкилоти техникӣ” вуҷуд дошта, “ба наздикӣ он бартараф мешавад”. Аммо то ҳол низоми “Вестерн Юнион” ба кор надаромадааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.