Дар шимоли Тоҷикистон зани дарозумртарини кишвар дар синни 126-солагӣ аз олам даргузашт. То пур кардани синни 127-солагӣ ба ӯ 1,5 моҳи дигар монда буд. Фотима Мирзоқулова дар охири асри XIX таваллуд шудааст.
Чӣ тавре ба “Азия-Плюс” раиси Шӯрои собиқадорони меҳнати ноҳияи Ашт Зафар Маҳмадҷонов иттилоъ дод, маросими видоъ рӯзи 25-уми январ дар деҳаи Даҳанаи ҷамоати Шайдони ноҳияи Ашт баргузор шуд.
“Қариб ҳама сокинони ҷамоат ва фаъолони ноҳия барои видоъ бо Фотима-апа ҷамъ омада буданд. Аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муовини раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ омада буд. Фотима-апа бисёр шахси зиндадил, одамдӯст ва хайрхоҳ буд. Ҳар сол мо якҷо бо раиси ноҳияи Ашт якчанд бор ӯро хабар мегирифтем. Ӯ аз саломатиаш шикоят надошт”, - афзуд Маҳмадҷонов.
Фаъоли ҷамоат Холбибӣ Марқаева ба “Азия-Плюс” гуфт: “Фотима Мирзоқулова ягона сокини Тоҷикистон буд, ки дар 3 аср зиндагӣ кардааст. Ман ҳар рӯз ба назди ӯ мерафтам. Ӯ ба мо дар бораи худ нақл мекард. Вай хеле хотираи қавӣ дошт. Ба синну солаш нигоҳ накарда, худаш роҳ мегашт, дар рӯйи ҳавлӣ гардиш мекард. Фотима-апа ҳамроҳ бо духтари 82-солаи худ зиндагӣ мекард. Аз ҳама духтари калонии ӯ 92-сола буда, то ҳол бо наберагонаш тӯббозӣ мекунад”.
Роҳатой Қобилова, духтари 82-солаи Фотима Мирзоқулова чунин ёдовар шуд: “Модарам бисёр шахси ором буд. Ҳеҷ гоҳ ба корҳои ночиз аҳаммият намедод ва саломатияш хуб буд. Ӯ доим ба мо дар бораи Иттиҳоди шӯравӣ, Ҷанги бузурги Ватанӣ ва дигар руйдодҳо қисса мекард. Моро доим таъкид мекард, ки “хурсандона зиндагӣ кунед”. Дар ҳаёт ба чизе ниёз надошт, ҳама хостаҳои ӯро барояш муҳайё мекардем. Модарам қариб тамоми умр ба ҷамъоварии пахта машғул буд”.
Фотима Мирзоқулова 13-уми марти соли 1893 дар деҳаи Қаҳрамон, собиқ Булоқи ноҳияи Ашт ба дунё омадааст. Ӯ соҳиби 8 фарзанд – 5 духтар, 3 писар ва зиёда аз 200 набераву абераву чабера мебошад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.