Прокурори генералии Тоҷикистон ҷонибдори бекор кардани моратория ба ҳукми қатл аст. Юсуф Раҳмон бар ин назар аст, ки бархе аз ҷинояткорон ислоҳнашавандаанд.

Дар ҳамин ҳол, назари тоҷикистониён дар мавриди ин масъала гуногун аст. Бархе чунин мешуморанд, ки ҳукми қатл бояд нисбат ба қотилони бераҳм, таҷовузгарон ба номуси кӯдакон (педофилҳо) ва дигар шахсоне, ки ба ҷиноятҳои ниҳоят вазнин даст мезананд, истифода шавад.

Ба ақидаи дигарон, хусусан, шахсони пиронсол, ҳаётро Худо дода, шахсро бо қарори суд аз он маҳрум кардан лозим нест. Онҳо бовар доранд, ки ҳамаи одамон тағйир ёфта метавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.