Ӯ яке аз аввалин бонувон дар Тоҷикистон аст, ки ба вируси норасоии масунияти одам (ВНМО, ВИЧ) сироят ёфтанашро ошкоро баён кардааст. Сарфи назар аз мавҷудияти доғгузорӣ ва табъиз дар ҷомеа, аз гуфтани мушкилоти занони сироятёфта намеҳаросад ва барои ҳимояи ҳуқуқи онҳо талош мекунад.

Таҳмина Ҳайдарова, сарвари Шабакаи тоҷикистонии занони гирифтори ВНМО меҳмони навбатии лоиҳаи “В чем сила, сестра?” (Тавоноӣ дар чист, хоҳар?) мебошад. Ӯ зимни мусоҳиба дар бораи мушкилоти бонувони сироятёфта нақл кард ва таъкид дошт, ки занони тоҷик аксаран аз ҳамсарони худ гирифтори ВНМО шудаанд.

Ба ақидаи ин коршинос, Тоҷикистон бояд моддаи 125-и Кодекси ҷиноятиро бознигарӣ кунад, зеро он ҷавобгӯйи меъёрҳои байнулмилалӣ нест. Вай афзуд, соли гузашта аз рӯйи моддаи мазкур тақрибан 50 сироятёфтаи ВНМО ҳабс шудаанд.

«В чем сила, сестра?» (Тавоноӣ дар чист, хоҳар?) – лоиҳаест, ки дар он занони тавоно ва муваффақ дар бораи ҳама чиз изҳори назар мекунанд: аз таассуроти амиқи шахсӣ то масоили хеле муҳиму рӯзмарраи кишвар.

Шакли мукаммали мусоҳиба ва навори видеоӣ танҳо дар шабакаи Youtube-и Asia-Plus дастрас буда, подкасти онро дар маҷаллаи ҳамарӯзаи аудиои PodFM шунида метавонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.