Дар майдони “Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе рамзи бузурги ҷашни Наврӯз – табақи майсаи суманак қомат афрохт, ки баландиаш 30 метр ва масоҳати давраш 16 метр аст.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд, сохтори табақи суманак аз арчаи солинавӣ, ки моҳи декабри соли гузашта дар ин ҷо гузошта шуда буд, 1 метр баландтар мебошад.

Дар майдон инчунин дигар рамзҳои фарорасии фасли баҳор – ниҳоли дарахтони мевадор, гулҳои гуногун ва дигар рамзҳои ҷашни Наврӯз ба намоиш гузошта шудааст.

1/3

Ёдрас мекунем, ки дар доираи тадбирҳои пешгирии паҳншавии коронавирус имсол дар Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Наврӯз чорабиниҳои оммавӣ ва сериздиҳом баргузор намешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.