Бо сабаби коронавирус дар Тоҷикистон имсол дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз сайругаштҳои оммавӣ ва намоишномаҳои театришуда баргузор намешаванд.
Як манбаъи “Азия-Плюс” дар Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус хабар дод, ки қаблан баргузории ҷашни Наврӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд пешбинӣ шуда буд.
Зикр гардида буд, ки дар намоиши театрикунонидашудаи варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дар Хуҷанд рӯзи 22-юми март тибқи нақшаи созмондиҳандагони чорабинӣ, беш аз 7 ҳазор нафар иштирок хоҳанд кард.
“Чорабиниҳои ҷашни Наврӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ бо даъвати шумори маҳдуди меҳмонон ва ҳунармандон баргузор мешаванд”, - иттилоъ дод манбаъ.
Ба ҷуз ин, дар ситод хабар доданд, ки сайругаштҳои оммавӣ дар боғҳои фарҳангу фароғати ҷумҳурӣ ва чорабиниҳои варзишӣ доир намешаванд.
“Дар бораи роҳандозии чунин тадбирҳо барои пешгирии паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон дар сатҳи ҷумҳуриявӣ қарор қабул шудааст”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ситод.
Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон ва шаҳрвандони дигар кишварҳо, ки дар моҳҳои охир ба қаламрави Тоҷикистон ворид шудаанд, ба қайд гирифта нашудааст.
Аммо ҳукумат дар самти пешгирии вуруд ва паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон тадбирҳо меандешад, аз ҷумла иртиботи ҳавоӣ бо чанде аз кишварҳо қатъ шуд.
Барои пешгирии паҳншавии коронавирус эҳтимол дар ҳамаи масоҷиди кишвар вазъи карантин эълон шавад. Дар ин бора аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.
Дар назар аст, ки баъд аз зуҳри имрӯз, 4-уми март Шӯрои уламои Тоҷикистон оид ба ин масъала ҷаласа баргузор карда, тасмими дахлдор мегирад. Ҳарчанд то ҳол қарори расмӣ қабул нашудааст, аммо чанде аз имомхатибон аз намозгузорон даъват кардаанд, ки аз омадан ба масҷид худдорӣ варзанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста