Аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, ки эҳтимол дар ҳамаи масоҷиди кишвар муваққатан вазъи карантин эълон шавад. Дар назар аст, ки баъд аз зуҳри имрӯз, 4-уми март Шӯрои уламои Тоҷикистон оид ба ин масъала ҷаласа баргузор карда, тасмими дахлдор мегирад.
Сухангӯйи кумитаи мазкур Афшин Муқим мегӯяд, худдорӣ кардан аз омадан ба масҷидҳо тасмими бевоситаи худи ходимони дин аст.
“Вобаста ба ҳолатҳои алоҳида, аз ҷумла, муроҷиати чанде аз ходимони дин ба намозгузорон вобаста ба муваққатан худдорӣ варзидан аз иштирок дар намозҳои ҷамоат чунин гуфтан мумкин аст, ки ин як тасмими пешгирикунандаи бевосита худи ходимони дин ва ҳайати муассисони масоҷид мебошад, ки дар асоси вазъи баамаломада ва тавсияҳои Маркази исломии Тоҷикистон гирифта шудааст”, - гуфт Афшин Муқим.
Вай афзуд: “Чунин тасмимҳо дар дигар кишварҳои мусулмоннишин ҳам гирифта шудааст. Ҳатто Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба хотири ҳифзи сиҳатии мардум муваққатан сафари мусулмонон барои адои Ҳаҷҷи умраро мамнӯъ эълон кард”.
“Аммо дар умум дар ҳамаи масҷидҳои кишвар аз ҷониби мақомоти ваколатдор ба истилоҳ вазъи карантинӣ эълон нашудааст. Эҳтимол дар рӯзҳои баъдӣ муваққатан дар ҳамаи масоҷиди кишвар вазъи карантин эълон шавад”, - иброз дошт ӯ.
Хабари аз субҳи 4-уми март муваққатан баста шудани масоҷидро ба “Азия-Плюс” имомхатибони 2 масҷиди шаҳри Душанбе тасдиқ карда, гуфтанд: “Ин тасмим барои пешгирии эҳтимоли паҳншавии коронавирус гирифта шудааст”.
Бино ба иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 327 масҷиди ҷомеъ, 3609 масҷиди панҷвақта, 3 ҷамоатхона ва 1 Маркази исломӣ, инчунин 66 ташкилоти динии ғайриисломӣ мавҷуданд. Дар маҷмӯъ, 4054 иттиҳодияи динӣ дар Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.
Қобили зикр аст, ки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Насим Олимзода рӯзи 2-юми март дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус ва интиқоли он ба ҷумҳурӣ гуфтааст, ки масъулин ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус миёни аҳолӣ: ҷойҳои серодам, бозорҳо, масҷид, тӯю маъракаҳо ва риояи гигиенаи шахсӣ бояд тадбирҳои мушаххас андешанд.
Муовини сарвазир Ширин Исматуллозода дар ин ҷаласаи Ситод изҳор доштааст, ки то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон ва шаҳрвандони дигар кишварҳо, ки дар моҳҳои охир ба қаламрави Тоҷикистон ворид гардидаанд, ба қайд гирифта нашудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Намедонам аз куҷо ба ин беморӣ олудааст”. Нигаронии сокинон аз бемории сурхакон ва гузориш аз як беморхона
Ихроҷи иҷбории 80 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ аз Русия дар соли 2024
Хидматрасониҳо бояд пурра рақамӣ шаванд. Солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон шуд
Оби тоза ва корез барои ҳама: дар Тоҷикистон он соли 2040 дастрас мешавад
Мавқеи шиносномаи Тоҷикистон дар радабандии "Global Passport Power Rank 2025" як зина поин шуд
Қазоқистон квота барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатиро кам кард
“Ба номи “Мухтор-ака” ва “писари қозикалон” ҷоиза таъсис шавад”. 110-солагии ҳунарпешаи шаҳири тоҷик Аслӣ Бурҳонов
Гази моеъ баъди чанд муддати “камчинӣ” каме арзон шудааст
Дарёфту мусодираи 127 кг маводи мухаддир аз як гурӯҳи нашъаҷалоб дар Душанбе
Шаҳр, маҳалла, истгоҳи роҳи оҳан. Чаро дар Суғд иншооти ваъдашударо то ҳол насохтанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста