Муовини сарвазири Тоҷикистон Ширин Исматуллозода, ки нимаи моҳи феврал ба ин вазифа таъин шуда буд, ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус ва интиқоли онро баргузор кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, дар оғози ҷаласа ӯ ёдовар шуд, ки то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон ва шаҳрвандони дигар кишварҳо, ки дар моҳҳои охир ба қаламрави Тоҷикистон ворид шудаанд, ба қайд гирифта нашудааст.

“Дар мамлакат ҷиҳати таъмини амнияти миллии санитарию эпидемиологӣ, фарогирии карантинӣ, дарёфти манбаъҳои хариди лавозимоти истифодаи яккаратаи ҳифзкунанда, маводи безараргардонӣ, таҷҳизоти санҷишӣ ва захираҳои хӯрокворӣ тамоми тадбирҳои фаврӣ анҷом дода мешавад”, - гуфт ӯ.

Ширин Исматуллозода  таъкид намуд, минбаъд низ корҳои пешгирикунанда, иттилоотию маърифатӣ ва чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба Тоҷикистон, инчунин таъмини фаъолияти муназзами назорати санитарию эпидемиологии мамлакат идома дода мешавад. “Таъсиси  Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус низ бо ҳамин мақсад ба роҳ монда шудааст”, - афзуд муовини сарвазир.

Гуфта мешавад, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода дар ҷаласа иброз дошт, ки масъулин ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус миёни аҳолӣ: ҷойҳои серодам, бозорҳо, масҷид, тӯю маъракаҳо ва риояи гигиенаи шахсӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

“Корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ тариқи ВАО васеъ ба роҳ монда шаванд ва тавассути он мутахассисони соҳа тавсияҳои худро оид ба риояи гигиенаи шахсӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҳангоми омодасозии ғизо, муносибат бо кӯдакон, махсусан бо тифлони навзод ба мардум пешниҳод намоянд”, - таъкид дошт вазир.

Дар фарҷоми ҷаласа муовини сарвазир рӯйхати вазорату кумитаҳоро номбар карда, супориш дод, ки  дар назди онҳо низ ситод оид ба пешгирии интиқоли сирояти коронавирус таъсис дода шуда, корҳои пешгирикунанда, иттилоотию маърифатӣ ва чораҳои зиддиэпидемикӣ пурзӯр карда шаванд.

Ситоди мазкур бо супориши раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, ба ҳайати он роҳбарони вазоратҳои тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ, меҳнат, корҳои хориҷӣ, кумитаҳои ҳолатҳои фавқулода, телевизиону радио, сайёҳӣ, ҷавонон, КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва фурудгоҳҳои кишвар шомиланд.

Тамоми қарору тавсияҳои ситод барои иҷро дар қаламрави Тоҷикистон ҳатмиянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.