Ҳуқуқшиноси тоҷик Наврӯз Одинаев даъват мекунад, ки замони пандемия муҳоҷирон дар Русия бояд аз пардохти маблағи патент озод шаванд.

Ба гуфтаи ӯ, тибқи қонун, маблағи патентро шахсе бояд пардохт кунад, ки фаъолияти корӣ анҷом медиҳад, лекин бар асари пандемия муҳоҷирон дар Русия бекор монданд.

“Талаби пардохти маблағи патент дар шароити ғайримунтазираи аз даст додани кор ғайриқонунӣ аст”, - гуфт Одинаев.

Ӯ қайд кард, ки чун Русия расман реҷаи ҳолати фавқулода эълон намекунад, пас ҳолати “ғайримунтазира” низ расман вуҷуд надорад.

Наврӯз Одинаев

“Ҳозир аксарияти муҳоҷирон (шаҳрвандони худи Русия низ) худро ҷудо нигоҳ дошта, дар хонаҳояшон қарор доранд ва мақсади асосиашон рӯзгузарониву зинда мондан аст. Бинобар сабаби баста будани сарҳадҳо, ба ватан ҳам баргашта наметавонанд. Аз ин рӯ, чунин мешуморам, ки ҳамаи муҳоҷиронеро, ки фаъолияти корӣ анҷом намедиҳанд, аз пардохти маблағи патент озод кардан лозим аст. Барои пардохт нашудани ин маблағ набояд ихроҷ шаванд ё ҷазо гиранд”, - илова намуд Наврӯз Одинаев.

Қобили зикр аст, ки бар асари хуруҷи коронавирус ва ҷорӣ шудани реҷаи карантин дар бисёре аз шаҳрҳои Русия, муҳоҷирон бекор ва мутаносибан бе даромад монданд. Лекин муҳоҷироне, ки бо патент кор мекунанд, бояд ҳар моҳ вобаста ба минтақаи фаъолият аз 3 то 5350 рубл маблағи патент пардохт кунанд.

Қаблан Вазорати корҳои дохилии Русия тартиби дароз кардани муҳлати ҳузури муваққатиро дар қаламрави ин кишвар барои шаҳрвандони хориҷӣ шарҳ дода буд.

Зикр шуда буд, ки бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, инчунин бо назардошти вазъи марбут ба паҳншавии коронавирус, аз 19-уми марти соли 2020 шаҳрвандони хориҷӣ муҳлати ҳузури муваққатии худро дар қаламрави Русия дароз карда метавонанд.

Дар ҳамин ҳол, Валентина Чупик, директори иҷроияи ташкилоти байнулмилалии ғайридавлатии ғайритиҷоратии TONG JAHONI, ки дар Русия ба муҳоҷирони кумаки бепули ҳуқуқӣ пешниҳод мекунад, дар сомонаи  change.org муроҷиат нашр карда, зери он барои бекор кардани пардохтҳо барои патент ва ба қайди муҳоҷират гузоштани хориҷииён имзо ҷамъоварӣ мекунад.

Валентина Чупик

Ӯ ба МУВАҚҚАТАН БОЗДОШТАНИ расмиёти зерини вобаста ба пандемияи коронавирус нисбат ба муҳоҷирон даъват мекунад:

1) уҳдадории пардохти маблағи патенти корӣ;

2) уҳдадории ба қайди МУҲОҶИРАТ гузоштан ва дароз кардани муҳлати он;

3) ҳама гуна санҷишҳои мақоми муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.