Ба ҷуз бозорҳои маҳсулоти ғизоӣ, фаъолияти бозорҳои фурӯши либоси шаҳри Душанбе ба муддати 10 рӯз қатъ мешавад: дар ин ҷо корҳои безараргардонӣ ҷараён мегиранд.
“Бо мақсади ҳифзи тандурустии сокинони пойтахт ва пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус (COVID-19) аз 30 апрел то 10 майи соли ҷорӣ дар ҳамаи бозорҳои фурӯши либоси шаҳр, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, рӯзҳои санитарӣ эълон шуда, фаъолияти онҳо дар ин давра пурра қатъ карда мешавад”, - хабар медиҳад дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт.
Сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ вазифадор шудаанд, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарони ҳамаи бозорҳои фурӯши либос дар ин муддат корҳои безараргардонӣ ва дезинфексиониро амалӣ кунанд.
Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ, то имрӯз дар Тоҷикистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Аммо рӯзҳои охир дар саросари кишвар корҳои пешгирӣ пурзӯр шуда, дар тамоми минтақаҳо чорабиниҳои безараргардонӣ (дезинфексия) гузаронида мешаванд.
Чанд шабонарӯзи охир дар кӯчаю хиёбон, истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, нишастгоҳи боғҳо ва ҳавлии хонаҳои баландошёнаи Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва шаҳрҳои дигар корҳои безараргардонӣ ҷараён доранд.
Ҳамчунин дар Хуҷанд ба пиронсолон тавсия дода шуд, ки бидуни зарурат ба кӯча набароянд.
Дар мактабу кӯдакистонҳои Тоҷикистон аз 27-уми апрел то 10-уми май таътили ғайринавбатӣ эълон шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.