Ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) баҳри муайян кардани вазъи марбут ба коронавирус имкон меҷӯяд, ки ба самти Тоҷикистон парвоз кунад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Дафтари кории аврупоии СҶТ хабар дода шуд.
“Ҳайат имшаб озими Тоҷикистон шуда, кӯшиши парвоз ба Душанбе хоҳад кард. Ин кори осон нест, зеро сарҳадҳо бастаанд. Дар роҳ душвориҳо пеш омада метавонанд, лекин умедворем, ки ба он ҷо мерасем. Вақте ки ба он ҷо расидем, дар ҳамдастӣ бо сохторҳои расмӣ кор хоҳем кард, то ки вазъ маълум шавад”, - гуфтааст ҳамоҳангсози Дафтари кории аврупоии СҶТ Дорит Нитзан зимни нишасти матбуотӣ.
Корманди масъули робита бо ВАО-и Дафтари кории аврупоии СҶТ Люба Негру ба “Азия-Плюс” чунин иттилоъ дод:
“Мо рӯйи ин масъала кор карда, имкони парвозро пайдо карданием”.
Дорит Нитзан зимни нишасти хабарӣ ҳамчунин изҳор доштааст, ки ҳамагӣ 26 тест аз Тоҷикистон ба озмоишгоҳҳои СҶТ ба Русия ва Бритониёи Кабир фиристода шуда, ҳамаи онҳо натиҷаи манфӣ нишон додаанд.
“То ҷое ман огаҳам, дар Тоҷикистон ҳозир барои беморони имконпазири коронавирус 22 дармонгоҳ бо 3 ҳазор кат омода шудаанд. Ҳамчунин дар ҷумҳурӣ 16 минтақаи карантин амал мекунанд”, - хабар додааст ӯ.
Қаблан зикр гардида буд, ки ҳайатҳои СҶТ ба Тоҷикистону Туркманистон сафарбар мешаванд. Онҳо дар доираи сафар ба ин кишварҳо аз шаҳру навоҳӣ, муассисаҳои тиббӣ ва иншооти муҳим боздид мекунанд.
Аз рӯйи натиҷаҳои сафар мутахассисони СҶТ доир ба вазъи эпидемиологӣ дар ин ду кишвар ва беҳбуди тадбирҳои муҳофизат аз паҳншавии коронавирус тавсия ва хулосаи худро пешниҳод мекунанд.
Конфронси онлайнии СҶТ замоне баргузор шуд, ки мақомот вуҷуд доштани коронавирусро дар Тоҷикистон расман эътироф карданд.
Инчунин чанде пеш СҶТ барои ташкили сафари ҳайаташ ба Тоҷикистону Туркманистон аз Русия кумак дархост кард.
Вақте дар бораи нақшаи сафари ҳайати СҶТ хабар мунташир шуд, то он дам дар Тоҷикистон ягон мавриди сирояти коронавирус сабт нашуда буд.
Аммо имрӯз Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зидиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва паҳншавии сирояти нави коронавирус (CОVID-19) дар Тоҷикистон тасдиқи мавҷудияти бемории сироятиро расман эълон кард.
Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, то рӯзи 29-уми апрели соли 2020 дар кишвар 15 ҳолати тасдиқшудаи бемории сироятии Covid-19 ба қайд гирифта шудааст: 10 ҳолат дар вилояти Суғд ва 5 ҳолат дар шаҳри Душанбе.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.