Барои гиромидошти номи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлатманд Холов Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи овозхон номгузорӣ шуд. Дар ин робита Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон қарори дахлдор қабул кардааст.
Давлатманд Холов, ки 26 октябри соли 1950 дар деҳаи Доғистони ноҳияи Шӯрообод (ҳоло Шамсиддин Шоҳин) ба дунё омадааст, дар тӯли умри худ ба санъати мусиқии тоҷик хидматҳои арзанда кардааст.
Ӯ соли 1978 шуъбаи мусиқӣ ва суруди Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистонро хатм намуда, баъдтар дар Театри драмаи мусиқии Кӯлоб ва ансамбли давлатии "Фалак" кор кардааст.
Дар солҳои фаъолияти эҷодиаш, Давлатманд Холов қариб ба 100 мамлакат сафар карда, беш аз 150 консерт баргузор намудааст.
Ӯ яке аз тарғибгарони санъати тоҷик - Фалак ба шумор меравад.
Давлатманд Холов соҳиби унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Абӯабдулло Рӯдакӣ буд.
Ӯ дар эҷодиёти хеш оҳангҳои зиёди руҳбахш офарид ва мактаби бузурги фалаксароиро ривоҷ бахшид.
Моҳи феврали имсол дар 74-солагӣ Давлатманд Холов дар Душанбе даргузашт ва дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурда шуд.
Дар Тоҷикистон аввалин Нуқтаи миллии мубодилаи интернет-трафик ба фаъолият оғоз кард
Роҳбари нави БДА кист ва ӯ бояд кадом мушкилиҳои мубрами ин сохторро ҳал кунад?
Сарраёсати маорифи Душанбе бори дигар аз манъи ҷамъоварии пул барои таъмири мактабу кӯдакистонҳо таъкид кард
Парлумони Тоҷикистон Шартнома оид ба сарҳад миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро тасвиб кард
Ҷасади 6 муҳоҷири тоҷикро аз Қазоқистон ба Тоҷикистон равон карданд
Ситораҳои футболи Тоҷикистон аз ситораҳои футболи Русия шикаст хӯрданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Як рӯзи хазонрез”, қисми 4
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 майи соли 2025
Ҷавобгарии ҷиноӣ барои "лайк" бекор шуд. Бо ин ҷурм ба зиндон рафтагон озод мешаванд?
Дарёфти ду ҷасад аз обҳои Тоҷикистон дар як рӯз
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста