ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 15 ДЕКАБР
Соли 1932 – Роҳи мошингарди Душанбе - Ғарм ба истифода дода шуд.
Соли 1956 – Гидроагрегати якуми нерӯгоҳи обӣ-барқии Қайроққум “Дӯстии халқҳо” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Соли 1972 – Ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи муҳити зист таъсис дода шуд.
Соли 1997 – Ҳавопаймои ТУ-154-и хатсайри “Хуҷанд-Шарҷа” ба садама дучор гардида, ба ҷуз як штурман, дигар мусофирону ҳайати халабононаш ба ҳалокат расиданд.
Соли 2009 – Тоҷикистону Русия дар бораи тартибу шароитҳои таъсис ва фаъолияти филиалҳои макотиби олии Русия дар Тоҷикистон ва макотиби олии Тоҷикистон дар қаламрави Русия созишномаи байниҳукуматӣ ба имзо расониданд.
Соли 2011 – Дар шаҳри Берлин бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ифтитоҳ ёфт.
Соли 2006 – Дар ҷойи сохтмони Нерӯгоҳи барқӣ-обии Сангтуда-1 ҷараёни дарёи Вахш баста шуд.
Соли 2007 – Дар Душанбе ёдгории ҷанговарони Қазоқистон, ки ҳангоми адои хизмат дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар Тоҷикистон кушта шудаанд, гузошта шуд.
Соли 2017 – Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе қарори истифодаи ройгони ҳама намуди нақлиёти ҷамъиятиро барои нафақахӯрони аз 75-сола боло имзо кард.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1908 – мавлуди Муҳаммадамин Холматов, ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон
Соли 1915 – Зодрӯзи Додоҷон Аҳмедов, нахустин эндокринологи тоҷик, доктори улуми тиббӣ, Табиби шоистаи ҶШС Тоҷикистон.
Соли 1912 – Мавлуди Сафар Амиршоев, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ.
Сафар Амиршоев иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ аст. Номи Сафар Амиршоев якҷо бо қаҳрамоние, ки дар майдони Ҷанги Бузурги Ватанӣ нишон доду ҳалок гардид, дар таърих сабт гардидааст. Ӯ дар ҷанги шадид дар таърихи 16 июли соли 1944 канори шаҳрчаи Жожмаряйи Литва бо душман ҷангида, ду танки душманро тарконд ва худ дар натиҷаи таркиш ба ҳалокат расид. Вале корнамоии ӯ дар саҳфаҳои заррини таърих сабт гардид ва ӯ бо нишонҳои “Ленин”, “Ситораи Сурх”, “Барои шуҷоат” ва “Барои мудофиаи Сталинград” қадрдонӣ шуд.
Соли 1931 – Зодрӯзи Шоҳин Боев, нависанда.
Соли 1933 – Мавлуди Саидхоҷа Азизов, олими фанни математика.
Соли 1933 – Зодрӯзи Бобо Насриддинов, нависанда.
Соли 1936 – Мавлуди Қумрӣ Қодирова, сароянда.
Соли 1937 – Зодрӯзи Абдулхайр Усмонов, устоди варзиши ИҶШС.
Соли 1949 – Мавлуди Зариф Шарифов, профессор.
Соли 1953 – Зодрӯзи Иззатбек Идиев, шоир.
Соли 1957 – Зодрӯзи Кароматулло Холиқов, ҳуқуқшинос.
Соли 2018 – Исо Абдурашидов, Ҳофизи халқии Тоҷикистон дар синни 71-солагӣ аз олам даргузашт.
Исо Абдурашидов ҳунарманди театр ва синамои тоҷик буда, қариб 20 сол директори Театри давлатии академии драмавии тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ буд.
Исо Абдурашидов дар саҳнаи театр ва кино зиёда аз 50 нақш офаридааст. Аз ҷумла нақши Ёдгор дар “Дохунда”, Ҷунайд ва Саҳл ибни Мансур дар “Рӯдакӣ”, Қиёмиддин мударрис дар Алломаи Адҳам”, Шпигелберг дар “Роҳзанҳо”, Эдмунд дар “Шоҳ Лир”, майор Собиров дар “Нахҳои печида”, Муборакхон дар “Фарёди ишқ”, домулло дар “Чорсӯ”, Исмоили Сомонӣ намунаҳои нақшҳои офаридаи Абдурашидов дар саҳнаи театр мебошанд.
Дар синамо бошад нақшҳои Азизбек “Воқеа дар фурудгоҳ”, лейтенанти калон дар “Қапқон барои шағолҳо”, Саид оҳангар дар “Дарди ишқ”, Абдураҳмонов дар “Маънии ҳаёт”-ро офаридааст.
Санаҳои муҳими ҷаҳонӣ
Ҳар сол 15 декабр дар ҳамаи кишварҳое, ки мақоми истеҳсолкунандагони чойи ҷаҳонро доранд, рӯзи байналмилалии чой ҷашн гирифта мешавад. Чой яке аз қадимтарин нӯшокиҳои рӯйи Замин буда, ба андешаи олимон соли 2723 пеш аз милод дар Чин пайдо шудааст.
Имрӯз Рӯзи таъсиси Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи муҳити зист ҷашн гирифта мешавад. Ин ташкилот мақоми асосии СММ дар масъалаҳои ҳифзи муҳити зист буда, 15 декабри соли 1972 таъсис ёфтааст. Ба вазифаҳои асосии ин ташкилот таҳияи барномаи ҷаҳонии экологӣ ва мусоидат ба татбиқи он дар доираи СММ, ҳифзи олами табиии ҷаҳон, рушди муносибатҳои шарикӣ бо дигар воҳидҳои Созмони Милали Муттаҳид, инчунин ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла ташкилотҳои илмӣ, ҷавонон ва дигар ташкилотҳои хусусӣ ба фаъолияти экологӣ аст.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 15 ДЕКАБРИ СОЛИ 2024
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда ва бориши барф пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона аз -2+3º то 3-8º сард, рӯзона аз -3+2º то 0-5º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2-7º то 10-15º сард, рӯзона аз -3+2º то 2-7º сард
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда ва бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Ҳарорат: дар водиҳо шабона аз 2+7º гарм то 2-7º сард, рӯзона аз 2+7º гарм то -1+4º, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона аз -1+4º то 7-12º хунук, рӯзона аз 2+7º гарм то -4+1º
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда ва бориши борон ва барфпешгӯӣ мешавад
Ҳарорат: дар водиҳо шабона аз -2+3º то 3-8º сард, рӯзона аз 1+6º гарм то -3+2º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз -3+2º то 9-14º сард, рӯзона аз -1+4º то 1-6º сард
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм)
Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона аз 1-6º то 7-12º сард, рӯзона аз 1+6º гарм то 1-6º сард, дар шарқи вилоят шабона 21-26º сард (дар м.Булункӯл то 33-35º хунук), рӯзона аз 5-10º то 10-15º сард мешавад.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда
Ҳарорат: шабона ва рӯзона 3+5º гарм
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда ва бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 2+4º гарм
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, шабона бориши борон ва барф ва рӯзона бебориш пешгӯӣ мешавад
Ҳарорати ҳаво шабона ва рӯзона 3+5º гарм мешавад.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм)
Ҳарорат: шабона 7-9º сард, рӯзона 1+3º гарм.
“Зимистони кутоҳ”-и Сурия: дарсҳо, таҳдидҳо ва фурсатҳо
Рустами Эмомалӣ барои чор соли дигар президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб гардид
Кобусе бо номи колхоз. Нигоҳе ба бунёди колхозҳо дар Тоҷикистони Шӯравӣ ва паёмадҳои он дар рӯзгори мардумони он замон
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2024
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Холов гузошта шуд
“Забон ёфтем”. Содир Жапаров гуфт, қитъаҳои мавриди баҳс бо Тоҷикистон “50 ба 50 тақсим шуданд”
“Тоҷикистон ҷонибдори рафъи маҳдудиятҳо аст.” Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав чӣ гуфт?
ТОП-7 меваи Тоҷикистон, ки дар соли 2024 аз ҳама бештар содир шудааст
Гузоришгарони бидуни марз: Дар соли 2024 дар саросари ҷаҳон 54 хабарнигор кушта шудаанд
Дар Тоҷикистон мақоми Ваколатдори нав таъсис дода мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста