Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Дилшод Саидзода дар ҳамдастӣ бо фаъолони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дирӯз аз маҳаллаҳои Бадахшон-1 ва Нисормуҳаммади пойтахт боздид кард. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз шаҳрдории Душанбе хабар дод.
Дилшод Саидзодаи 30-сола, писари муҳофизи шахсии президенти Тоҷикистон Мурод Саидов, дар яке аз воҳидҳои Вазорати молия кор карда, моҳи март вакили Маҷлиси вакилони халқи пойтахт интихоб шуд.
Дилшод Саидзода дирӯз аз ду маҳаллаи аҳолинишини пойтахт боздид карда, ба сокинон маводи антисептикӣ ва ниқоб тақсим кард.
Ба иттилои манбаъ, ӯ аз аҳолӣ даъват кардааст, ки ба овоза ва ҳангомаҳои беасос дар мавриди бемории коронавирус бовар накунанд.
Падари вакили Маҷлиси пойтахт Мурод Саидов аз охири соли 1992 муҳофизи шахсии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.