Намояндагии Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва ЮНИСЕФ (Хазинаи кӯдакони СММ) дар Тоҷикистон маводҳои тиббии заруриро барои дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди COVID-19 дастрас намуданд.

Субҳи рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда маводҳои лозима, ки аз тарафи ЮНИСЕФ Тоҷикистон дастрас шуда, аз тарафи Намояндагии Аврупо дар Тоҷикистон маблағгузорӣ гардидааст ва тақрибан аз 13 тонна маводҳои тиббӣ иборат мебошад, ба Душанбе расиданд.

Ин маводҳо аз таҷҳизоти муҳофизатӣ шахсии зарурӣ (ТМШ) - 36,250 либоси муҳофизатӣ, 40,320 ниқобҳои тиббии N95 ва 720 ҳароратсанҷҳо иборат мебошанд. Маводҳои зерин тақрибан 30 фоизи (умумӣ 64 тонна) таҷҳизотҳои маслиҳатшудаи дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯбаи барномаи  вокуниши таъҷилии Тоҷикистон ба COVID-19-ро дар бар мегирад ва  аз ЮНИСЕФ татбиқ карда мешавад.


Тамоми мавод дар асоси ҳамкорӣ ва мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон  тартиб дода, харидорӣ шудаанд. ЮНИСЕФ Тоҷикистон маводҳоро мустақиман ба муассисаҳои интихобшудаи тиббии кишвар дастрас менамояд ва ҳамзамон механизми махсус барои арзёбии ниёзҳо ба маводҳои тибби ба ҷо гузошта мешавад.

Бо 1.3 миллион ЕВРО, 1,500 мутахассисони тиббӣ дар беморхонаҳо ва муассисаҳои карантинӣ бо таҷҳизотҳои зарурии муҳофизатии шахсӣ, аз ҷумла ниқобҳои тиббӣ/ҷарроҳӣ, респираторҳо, дастпӯшакҳо ва хилъатҳо ҷиҳозонида мешаванд, ки ин имконияти лозима барои нигоҳубини 40,000 беморони COVID-19 медиҳад.. Чорраҳои ҳадди ақал барои татбиқи самароноки пешгирии сироят ва назорат дар муассиҳаои интихобшуда ба ҷо оварда мешаванд.

Хонум Мэрлин Йосефсон, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон мегӯяд: “Ин пандемияи бисёрҷониба сатҳи бесобиқаи сафарбаркуниро дар миқёси худи кишварҳо талаб менамояд, ҳам аз ҷиҳати миқёс ва ҳам амал. Аммо, бо таҷрибаи дар Аврупо ва дигар қисмҳои ҷаҳон ҷамъ шуда, - фаъолияти густариши ва якҷоя роҳи аз ҳама самараноки бартараф намудани ҳам буҳрони сахти тиббӣ ва ҳам кам кардани таъсири манфии дарозмуддати иқтисодӣ ва иҷтимоии он мебошад. Ҳоло вақти ҳамкорӣ ва якдилӣ аст, чун сироят миёни одамон табъиз ва сарҳадҳоро эътироф намекунад. Танҳо вокуниши зуд, бузург ва ҳамоҳанг метавонад дар наҷоти умрҳо, ҳифзи одамон ва бартараф кардани оқибатҳои манфии иқтисодӣ ёрӣ расонад.


Иттиҳоди Аврупо ҳамчун яке аз донорҳои пешсафи дастгирикунандаи низоми тандурустӣ дар Тоҷикистон, дастгирии худро пурзӯр карда ва кӯмак ба вокуниш ба COVID-19 дар кишварро ҳамчун самти афзалиятноки нав муайян кардааст. Дар якҷоягӣ бо ЮНИСЕФ, ҳамчун қадами аввал, барои дастгирии таъмини беҳтари кормандони тиб, ки дар сафи пеш амал карда ҷони худро барои наҷоти дигарон дар хатар гузоштаанд, мо ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ захираҳои иловагиро сафарбар намудем.

Иттиҳоди Аврупо бо ЮНИСЕФ, донорҳои дигар, мақомотҳои давлатӣ, фаъолони ҷомеа инчунин дигар қисмҳои ҷомеа, барои фаъолона илова кардан ба саҳми мо дар кӯшишҳои якҷояи суст кардани эпидемия ва оқибатҳои манфии дарозмуддати он фаъолияти зичро идома хоҳад дод. Ин дави марафон аст, на ин ки спринт.”

ЮНИСЕФ Тоҷикистон ҳамеша тайёр аст ҳамкоронро аз Ҳукумати Тоҷикистон дастгирӣ намояд ва  аз моҳи феврал ин ҷониб, мувофиқи дархости Ҳукумат, чор бастаҳои ТМШ, мафодҳои безараркунӣ ва маҳсулотҳои лозимаи гигиенаро харид ва дастраси ҳамкорон намудааст. ЮНИСЕФ инчунин яке аз пешсафони Иртиботи хатар ва ҷалби ҷомеа (риск коммуникации) буда, тариқи шарикон барои истеҳсоли маводҳои зарурии иртиботӣ баҳри дастгирии пешгирии ва профилактикаи COVID-19 дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла беморхонаҳо ва муассисаҳои асосии тиббӣ, пурзур кардани тавоноии мутахассисони тиб ва кормандони сафи пеш дар вокуниши кофӣ ба хатари COVID-19 фаъолият карда истодааст.

Хонум Зайнаб Ал-Аззавӣ, муовини намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон илова кард: “Фаъолияти наҷондиҳандаи ҳаёти мутаххасисони тиббии сафи пеш ва мутаххасисони тиббӣ имрӯзҳо аз ҳама зарур аст. Дар авҷи ин пандемия, ҳифз ва бехатарии ин қаҳрамонҳо самти афзалиятнокӣ зарурӣ мебошад. Мо дар паҳлӯи шариконамон аз Вазорати тандурустӣ буда барои сафарбар кардани шарикон, шабакаи ҷаҳонии худро барои дастгирии таъмини маводҳои муҳим, ҷалб намоем то ин ки ниёзҳои техникӣ дар иртиботи хатар ва бехатар нигоҳ доштани ҷомеа дастгирӣ шаванд .”


7 апрел Иттиҳоди Аврупо нақшаи ҷаҳонии вокуниши пурзур ва интихобшударо барои дастгирии кӯшишҳои кишварҳои шарик дар мубориза бар зидди пандемияи COVID-19 эълон кард. Ҳамчун яке аз қисмҳои ин нақша, ИА ба Тоҷикистон 48 миллион ЕВРО барои пурзур кардани омодагии кишвар барои мубориза бар зидди таъсири манфии COVID-19, дастгирии пайдарпаӣи хизматрасониҳои тиббӣ, маориф, дастрасии низомҳои кофии об ва санитария ва кам кардани таъсири иҷтимоӣ ва иқтисодии пандемия дастгирӣ пешниҳод мекунад.

Барномаи рушди тандурустӣ, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, бо диққати асосӣ ба тандурустӣ, идоракунӣ ва молияи он аз соли 2008 ин ҷониб дар Тоҷикистон амал мекунад. Дар марҳилаи нави (2020-2025) ИА 30 миллион ЕВРО барои пурзур кардани низоми тандурустии ҷамъиятӣ барои ноил шудан ба фарогирии пурраи тандурустӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ хоҳад кард. Дар вокуниш ба COVID-19 қисмҳои барнома оиди пешгирии сироят, назорат ва дастрасии ҳамгироии кӯмаки аввалияи тиббӣ, маблағгузории иловагии дар маҷмуъ 22 миллион ЕВРО қабул мекунанд, ки ин миқдори захираҳои таҳти барнома дастрасро ба 52 миллион ЕВРО мерасонад. Барнома тамоми ноҳияҳоро дар бар гирифта аз тарафи ЮНИСЕФ, GIZ ва ТУТ татбиқ хоҳад шуд.

Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар 190 кишварҳо фаъолият карда ба кӯдакони аз ҳама осебпазир кӯмак мекунад. Соли 1946 таъсис ёфта, Хазинаи кӯдакони СММ бо шарикон баҳри аз байн бурдани душвориҳое ки кӯдакон аз сабаби қашоқӣ, зуроварӣ, сироят ва табъиз бо онҳо рӯбару мешаванд, фаъолият мекунад. ЮНИСЕФ фаъолияти худро дар Тоҷикистон соли 1993 оғоз кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.