ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин” барои мубориза бо паҳншавии сирояти коронавирус ба ҳукумати Тоҷикистон кумаки башардӯстона расонид, ки маблағи умумии он 1,5 млн долларро ташкил медиҳад.

1/5

Кумак аз 50 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, 220 ҳазор ниқобҳои яккаратаи тиббӣ, 500 тепловизор (ҳароратсанҷҳои лазерӣ), 10 ҳазор либосҳои тиббии муҳофизатӣ, 1 ҳазор айнакҳои муҳофизатӣ, 14 ҳазор бастаи калони ҳабҳои гидроксихлорохин сулфат ва дигар воситаҳои муҳофизатӣ ба маблағи умумии 14 млн сомонӣ иборат аст.

Ҳамаи воситаҳо ба ихтиёри ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати вилояти Суғд баҳри тақвияти мубориза бо пандемияи коронавирус супурда мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.