Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон изҳор мекунад, ки ба ҷуз хатмкунандагон ва донишҷӯёни шуъбаҳои ғоибона, дигар ҳама донишҷуёни мактабҳои олии кишвар бар асари пандемия бе имтиҳон ба курсҳои дигар гузаронида шуданд.
Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Вазорат Эҳсони Хушбахт хабар дод, давраи имтиҳонсупории тобистонаи донишҷӯёни курсҳои 1, 2 ва 3 ба таври автоматӣ боздошта шуда, ба онҳо мутобиқи давомоти хониш ва натиҷаҳои имтиҳоноти зимистона баҳо гузошта шуд.
“Ба хатмкунандагони мактабҳои олӣ, ки бо сабабҳои гуногун дар имтиҳонҳо иштирок карда натавонистанд, пешниҳод шуд, ки имтиҳонҳоро тирамоҳ супоранд”, - иброз дошт Эҳсони Хушбахт.
Дар робита ба донишҷёни ғоибхон зикр гардид, ки вақте карантин эълон шуд, ғоибхонон машғулият надоштанд ва аз ин рӯ, онҳо ҳозир имтиҳони аз як курс ба курси дигар гузаштанро супорида, баъдан таҳсилро идома медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, дар саҳифаи “Азия-Плюс” дар шабакаҳои иҷтимоӣ донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ навиштааст, ки дар донишгоҳ хабар додаанд, ки онҳо бояд аз 17 август имтиҳонҳоро супоранд, то ки ба курси дигар гузаронида шаванд. Эҳсони Хушбахт ин маълумотро рад кард.
Ёдрас мекунем, ки аз 27 апрел дар тамоми макутабҳои таҳсилоти умумӣ, кӯдакистон, коллеҷу омӯзишгоҳҳои Тоҷикистон таътили муваққатӣ эълон шуд: нахуст то 10 май ва баъдан то 16 август тамдид шуд.
Қобили зикр аст, ки аз 17 август ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва томактабии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.