Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон се тавсия оид ба ташкили ҷараёни таҳсил дар мактабҳои кишварро таҳия намуд.
Дар тавзеҳоти Вазорат оид ба ин масъала, қайд мешавад, ки аз 17 август машғулиятҳо дар мактабҳо мувофиқи тавсияи 1-ум ҷараён мегиранд.
Аз рӯйи ин тавсия, давомнокии дарсҳо дар муассисаи таълимӣ барои синфҳои якум 35 дақиқа, барои синфҳои 2-11 на зиёда аз 45 дақиқаро ташкил медиҳад.
Тибқи ин тавсия, дарсҳо дар мактабҳо дар ду баст гузаронида шуда, машғулиятҳо дар басти якум соати 8:00 оғоз ёфта, соати 12:55 ба анҷом мерасад. Басти дуюм соати 13:10 оғоз шуда, соати 17:55 ба анҷом мерасад.
Мувофиқи тавсияҳои 2 ва 3-юм, ки алҳол ҷорӣ намешаванд, дарсҳо 50-дақиқагӣ дар се баст ва инчунин 60-дақиқагӣ дар се баст ҷараён мегиранд. Бо кадом мақсад онҳо таҳия шудаанд, дақиқ карда намешавад.
“Аз оғози соли хониш, ки 17 август шурӯъ мешавад, дарсҳо дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мувофиқи тавсияи 1-ум, яъне меъёри қабулшуда, вале бо риояи қоидаҳои санитарӣ ва гигиенӣ гузаронида мешаванд”, - зикр мекунанд дар Вазорати маориф ва илми кишвар.
Дар Вазорат таъкид шуд, ки хонандагон бояд ниқоби муҳофизатӣ пӯшида, бо худ маҳлули антисептикӣ дошта бошанд.
Мувофиқи қарори Вазорати маориф ва илм ва Ситоди ҷумҳуриявӣ, аз 17 август муассисаҳои томактабӣ (кӯдакистонҳо) низ ба фаъолият шурӯъ мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.