Дар робита ба баргузории корҳои таъмиру навсозӣ дар хиёбони Саъдии Шерозӣ (мавзеи Яккачинор, Агроинвестбонк) ва сохтмони эстакада дар маҳаллаи Қарияи Боло, моҳи феврали соли 2018 шаҳрдории Душанбе ҳаракати троллейбуси №12-ро, ки аз Фурӯшгоҳи марказӣ (ЦУМ) то маҳаллаи Гулбутта равуо мекард, муваққатан боздошта буд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар доданд, шурӯъ аз имрӯз, 26 август равуои хатсайри троллейбуси №12 пурра барқарор шуда, он тариқи кӯчаҳои И. Сомонӣ, А. Сино, С. Шерозӣ ва Н. Қаробоев ҳаракат мекунад.

Тибқи маълумоти шаҳрдорӣ, имрӯз дар шаҳри Душанбе беш аз 3 ҳазор адад нақлиёти ҷамъиятӣ ба аҳолӣ хизматрасонӣ мекунанд, ки ҳудуди 80-и онҳо хусусӣ мебошанд.

Дар тавозуни корхонаҳои коммуналӣ 560 адад воситаҳои нақлиёт қарор доранд, ки барои хизматрасонӣ ба мусофирони пойтахт пешбинӣ шудаанд.

Қобили зикр аст, ки ҷиҳати хизматрасонӣ ба аҳолии пойтахт ҳамарӯза наздики 80 троллейбус ба роҳ мебароянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.