Парвози чартерӣ бо самти Душанбе - Минск барои ба ҷойи таҳсил дар Беларус ва Украина расонидани донишҷӯёни тоҷикистонӣ, инчунин шаҳрвандони хориҷӣ пешбинӣ шудааст.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Вазорат аз донишҷӯёни тоҷикистонии машғули таҳсил дар Беларус ва Украина дархост мекунад, ки зимни нақшаи сафар ба ин кишварҳо талаботи санитарӣ-эпидемиологии аз ҷониби ин кишварҳо тақозомешударо ба инобат гиранд.

Гуфта мешавад, сафорати Тоҷикистон дар Беларус ва Украина ҷиҳати мусоидати зарурӣ ба донишҷӯёни тоҷик дар таъмини  транзит аз Минск ба Киев ва дигар шаҳрҳои Украина омодаанд.

“Барои дастрас намудани билетҳои ҳавопаймоӣ ба хатсайри Душанбе - Минск шаҳрвандон метавонанд бевосита ба ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” муроҷиат кунанд”, - қайд мешавад дар хабари Вазорат.

Ба иттилои манбаъ, бо парвози чартерии самти Минск - Душанбе шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Беларус ва Украина қарор доранд, ба ватан баргардонида мешаванд. Барои номнавис шудан ба парвозҳои чартерӣ ба сафорати Тоҷикистон дар Минск ва Украина муроҷиат кардан зарур аст.

Қобили зикр аст, ки ҳангоми ворид шудан ба Тоҷикистон шаҳрвандон бояд бо худ маълумотнома дар бораи надоштани сироят аз коронавирус дошта бошанд, ки ташхисаш на дертар аз 96 соат (4 шабонарӯз) то омадан гирифта шуда бошад. Барои кӯдакони синни то 3-сола пешниҳоди маълумотнома зарурат надорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.