Фотомодели тоҷик Карина Комил симои намоиши мӯди маҷмуаи нахусти тарроҳи либос аз Арабистони Саудӣ Нури Сулаймон шуд. Шумораи навбатии маҷалла моҳи декабр бо маҷмӯаи либосҳои тарроҳ дар муқовааш чоп шуд.

Аз саҳифаи модел дар Инстаграм

Vogue Arabia – нашрияи арабии маҷллаи маъруф дар бораи мӯд ва сабки Vogue мебошад. Маҷалла дар як қатор кишварҳои арабӣ, аз ҷумла дар худи Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Қатар, Кувейт, Уммон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Урдун ва Лубнон фурӯхта мешавад.
en.vogue.me

Сарфи назар аз иқлими гарми Арабистони Саудӣ, маҷмӯаи тарроҳ Нури Сулаймон  дар маҷаллаи Vogue Arabia аз сарулибоси зимистона бо сабки шарқиёна иборат аст.

en.vogue.me

Тавре дар саҳифаи худи модел дар Instagram маълумот дода мешавад, ӯ дар Русия таваллуд шуда, дар Тоҷикистон ба воя расидааст. Дар наврасиаш ба Қазоқистон кӯчидаанд. Оиладор нест ва фарзанд надорад, лекин марди дӯстдоштае дорад, ки маълумот додан дар бораашро лозим намедонад.

Аз саҳифаи модел дар Инстаграм

Карина Комилро як ширкати ҳавопаймоӣ ба Арабистони Саудӣ даъват карда, 5 сол инҷониб дар ҳамин кишвар зиндагӣ мекунад. Аз оғози фаъолияташ дар тиҷорати моделӣ 10 сол сипарӣ шуда, чандин бор ба дарёфти ҷойҳои сазовор дар озмунҳои зебойӣ мушарраф гардидааст. Ғайр аз ин, менависад Карина, ӯ бо забони тоҷикӣ суруд ҳам мехонад.

Аз саҳифаи модел дар Инстаграм

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.