Телевизиони “Шабакаи аввал” (Первый канал)-и Русия ба пешниҳоди маълумот дар бораи ҷараёни овоздиҳии тамошобинон барои интихоби суруд ба озмуни “Евровидение” изҳори омодагӣ кард, хабар додаанд ба ТАСС аз ин шабака.

“Суруд барои озмуни “Евровидение” бо ёрии овоздиҳии тамошобинон интихоб шуд. Ҷараёни овоздиҳиро ширкати Ernst&Young пайгирӣ намуда, мутобиқати ҷараёни овоздиҳиро ба регламент (тартиби)-и интихоб тасдиқ кард”, - гуфтаанд дар хадамоти матбуоти шабака.

Қаблан раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко нисбат ба суруди овозхон Манижа, ки дар озмуни “Евровидение” месарояд, изҳори тааҷҷуб кард. Ӯ дастур дод, ки аз “Шабакаи аввал” дар бораи раванди интихоби ширкаткунанда ва сурудаш маълумот дархост шавад.

“Озмуни Евровидение” аз 18 то 22 май дар Роттердам доир мегардад. Аз рӯйи натиҷаҳои овоздиҳӣ, ки “Шабакаи аввал” баргузор кард, Русияро дар он овозхони тоҷиктабори ин кишвар Manizha бо таронаи"Русская женщина" (Russian woman) намояндагӣ мекунад. Ӯ дар даври аввали нимфиналӣ рӯзи 18 май ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.