Имрӯз, 17 май як ҳайати рӯзноманигорони ширкати миллии телевизиону радиои Ӯзбекистон ба Тоҷикистон меоянд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ҷамъияти ӯзбекони Тоҷикистон.

Рӯзноманигорони кишвари ҳамсоя ният доранд, ки дар бораи муносибатҳои дӯстонаи мардуми тоҷику ӯзбек барои 12 шабакаи телевизион ва 4 шабакаи радиои Ӯзбекистон як силсила гузоришҳо таҳия намоянд.

Давоми як ҳафта онҳо аз шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода, ноҳияҳои Қубодиён ва Спитамен боздид хоҳанд кард.

Аз ҷумла дар Душанбе онҳо ба тамошои Боғи фарҳангу истироҳати ба номи Алишери Навоӣ ва “Кохи Борбад” рафта, бо ҳамтоёни тоҷики худ вомехӯранд ва меҳмони оилаҳои якҷояи тоҷикону ӯзбекон мешаванд.

Дар шаҳи Турсунзода доир ба дастовардҳои деҳқонон гузориш таҳия шуда, дар Қубодиён аз беморхонаву дар Спитамен аз мактаб, ки ин иншоот аз ҳисоби маблағгузории Ӯзбекистон, боздид хоҳанд кард.

Ҳамчунин рӯзноманигорони ӯзбек ният доранд, ки бо шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон суҳат кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.