Парвиз Камолов яке аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия аст, ки ҳоло ба сатҳи яке аз тоҷирони муваффақ дар ин кишвар расидааст.
Тавре Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Русия хабар медиҳад, номбурда аз таҷрибаи бойи андухта дар Тоҷикистон дар Русия ба соҳаи кишоварзӣ машғул гардида, дар муддати кӯтоҳтарин ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст.
“Ӯ дар ҳавзаи Шимолу Ғарби Русия 100 гектар замини кишоварзиро расман гирифта, бо ҳамватанони худ ба истеҳсоли сабзавоти аз ҷиҳати экологӣ тоза машғул мебошад”, - омадааст дар хабари намояндагӣ.
Гуфта мешавад, заҳмату талошҳои ин шаҳрванди Тоҷикистонро ҳукумати Русия ба инобат гирифта, бо фармони президенти ин кишвар ӯ бо ифтихорнома ва медали хотиравӣ сарфароз гардонида шуд.
Ёдрас мешавад, ки аз ҳосили заҳмати худ Парвиз Камолов барои эҳтиёҷмандон, корафтодагон ва мактаб-итернатҳои минтақавӣ, инчунин дар давраи пандемияи коронавирус ба муҳоҷирони тоҷик ва оилаи онҳо, донишҷӯён ва дигар шахсони эҳтиёҷманд дасти кӯмак дароз мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.