Харидорон дар Душанбе ба зиёд болоравии нархи сигарет - аз 36% то 50% барои як қуттӣ дар мағозаҳо шикоят мекунанд.

Имрӯз дар мағозаҳои гуногуни кишвар қуттии Esse change то 20 сомонӣ (қаблан 15 сомонӣ нарх дошт), Esse - 17-18 сомонӣ (14-15 сомонӣ),  Senator - 11 сомонӣ (9 сомонӣ), Winston - 14-15 сомонӣ (10-11 сомонӣ), Rossa - 12 сомонӣ (9-10 сомонӣ), LD slim - 15 сомонӣ (аз 10-11 сомонӣ), Kent - 12-14 сомонӣ (10-11 сомонӣ) нарх доранд.

“Намояндагони ширкати таҳвилгари сигаретҳо ба мо хабар доданд, ки дар робита ба болоравии аксиз, нархи он ба андозаи 36-40% зиёд мешавад. Баъзе навъҳоро аллакай бо нархи нав фурӯхта истодаем. Таҳвилгарони дигар дар бобати болоравии нарх аз рӯзи душанбе мегӯянд”, - изҳор дошт Абдулло, фурӯшандаи яке аз мағозаҳои пойтахт.

Бино ба гуфтаи ӯ, чанде аз навъҳои сигарет ҳоло ҳам бо нархи кӯҳна фурӯхта мешаванд.

“Давоми ҳафтаи минбаъда, вақте ки захираҳо ба охир расиданд, ба дигар навъҳо ҳам нархи нав гузошта мешавад", - гуфт ӯ.

Бо қарори ҳукумат дар Тоҷикистон меъёри аксиз ба сигарете, ки дар таркибаш тамоку (табак)-у филтр дорад ва тамокудору бефилтр аст, аз 9,8 евро то ба 19 евро барои 1000 донааш боло бурда шуд.

Тибқи қарори дигар, меъёри боҷи воридотии гумрукӣ ба тамоку ва ивазкунандаҳои саноатии тамоку, аз ҷумла «сигар, сигарҳо бо охирҳои буридашуда, сигарилла ва сигаретҳо аз табак ё ивазкунандаҳои саноатии он» - аз 23% то 46% зиёд карда шуданд.

Дар ҳукумат роҳандозии чунин тадбирҳоро ба мубориза бо тамокукашӣ ва ғамхорӣ нисбат ба солимии аҳолӣ рабт медиҳанд. Ҳар ду қарор ҳам аз дирӯз - 7 июл мавриди амал қарор гирифтанд.

Маводи муфассал дар ин хусус бо шарҳи коршиносон, чӣ қадар қимат шудани сигаретҳо, кадом навъҳо бештар гарон шуданашон ва таъсири он ба бозори тамокуи Тоҷикистон дар маводи зерини мо «Сигареты подорожают, контрабанда вырастет» қобили дарёфт аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.