Таъминоти истифодабарандгон бо барқ дар мавсими тирамоҳу зимистони имсол нисбат ба соли гузашта беҳтар мешавад, изҳор дошт вазири энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон Далер Ҷумъа рӯзи 12 июл зимни нишасти хабарӣ.

Дар ҳамин ҳол, ӯ зикр кард, ки ба ҳар ҳол, эҳтимоли ҷорӣ кардани баъзе маҳдудиятҳо дар истифодаи барқ дар ин давра вуҷуд дорад.

“Бар асари нисбат ба солҳои пешин камшавии маҷрои об дар дарёҳои ҷумҳурӣ тайи ду соли ахир, эҳтимоли ҷорӣ шудани маҳдудият вуҷуд дорад, лекин вазъи таъминот бо барқ нисбат ба зимистони пешина ба таври назаррас беҳтар мешавад”, - иброз дошт Ҷумъа.

Вазир изҳор дошт, ки имсол афзоиши иқтидорҳои низоми гармидиҳӣ дар пойтахт ба нақша гирифта шуда, дар натиҷа як ҳаҷми муайяни барқи иловагӣ захира мешавад.

Ғайр аз ин, гуфт ӯ, корҳои таъмиру навсозии агрегатҳои ҷудогонаи неругоҳҳои Нораку Қайроққум ва Сарбанд дар арафаи анҷомёбӣ буда, ба дарёфти иқтидори иловагӣ дар ҳаҷми 345 МВт имкон медиҳад.

Ҳамчунин ба қавли вазир, бобати коҳиши ҳаҷми талафоти техникӣ ва тиҷоратӣ корҳо роҳандозӣ шудааст.

“Бо эҳтимоли зиёд метавон гуфт, ки то охири мавсими тобистон мо аз уҳдаи пур кардани обанбори Норак мебароем”, - таъкид дошт вазири энергетика.

Лекин илова кард ӯ, бисёр чизҳо дар ин масъала ба он вобаста хоҳад буд, ки маҷрои об дар моҳҳои тирамоҳ чӣ гуна мешавад.

Ёдрас мекунем, ки дар мавсими тирамоҳу зимистони гузашта ҷумҳурӣ ба камбуди шадиди барқ бар асари камобӣ дучор шуд. Дар натиҷа дар манотиқи деҳоти кишвар реҷаи маҳдуди истифодаи барқ (лимит) ҷорӣ гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.