Мунаввар Набиева, духтари собиқ президенти Тоҷикистон Раҳмон Набиев дар саҳифааш дар Facebook аз низоми судӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимият барои таъсир ба қарори суд шикоят карда, менависад, ки акнун бо даъвои бародараш ӯро аз манзили падариаш берун меронанд.

Ӯ зикр мекунад, ки бародари ӯ (Рустам Набиев - Эзоҳи идора), ки замоне аз ҷониби волидонаш ба писархондӣ қабул шудааст, ба суд даъво овардааст, ки қайди ӯ дар манзили волидон беэътибор дониста шавад.

Ба гуфтаи вай, сухан дар бораи хонае меравад, ки замоне ба ихтиёри собиқ президенти кишвар Раҳмон Набиев дода шуда, сипас ба моликияти умумии ин оила хусусӣ карда шудааст.

Мунаввар Набиева аз соли 1994 дар ин хона ба қайд гузошта шудааст. Бо вуҷуди пешниҳоди 2 ҷавоби расмии ВКД ҶТ ва мизи шиносномадиҳӣ, ки ҳаққонӣ будани сабтро аз соли 1994 тасдиқ мекунанд,  суд аздусар ин сабтро беэътибор дониста, ҳоло бар ин асос ӯро бидуни пешниҳоди ҷойи иқомати дигар аз манзили падараш меронанд.

Набиева қарори судро ғайриқонунӣ шуморида, изҳор мекунад, ки раиси Суди Олии кишвар Шермуҳаммад Шоҳиён бевосита ба ин парванда дахолат кардааст, ки шахсан ба суди ноҳияи И.Сомонӣ омада, инчунин аз рафтори худи судя ҳам маълум буд, ки хулосаи ин парванда пешакӣ ҳал шудааст.

Вай инчунин иддао дорад, ки раиси ноҳияи И.Сомонӣ Самиев (Самӣ Шариф - Эзоҳи идора) низ таваҷҷӯҳи худро ба ин парванда пинҳон намедошт.

“Тамоми ин муддат ман фикр доштам, ки дар ин қазия коррупсия ҷой дорад. Лекин дар суҳбат бо раиси ноҳияи И.Сомонӣ Самиев (08.07.2021 сол) ӯ иқрор шуд, ки ин масъаларо назорат дораду ҷиҳати ҳалли он ба нафъи ба истилоҳ бародарам манфиатдор аст. Табиист, ки ин ҷо саволе ба миён меояд: ӯ ба манфиати кӣ амал мекунад? Ӯ ба ман бо милитсияву прокуратура таҳдид кард, ки агар қарори ниҳоии судро нагирифта, муқобилият нишон диҳам, маро аз хонаам берун мекунад”, - менависад ӯ.

Вай мегӯяд, мурофиаҳои минбаъда дар зинаҳои болоӣ натиҷае надоданд, гарчанде ки Коллегияи Суди шаҳрӣ бо қонуншиканиҳо дар ин парванда аввал розӣ буд ва гуфт, ки қарор бекор карда мешавад, аммо ду рӯз пас худи ҳамон Коллегия қарорро бетағйир боқӣ гузошт.

Аз муроҷиатҳо ба Суди олӣ низ натиҷае ҳосил нашуд, дар он ҷо ба ҳарфҳои ӯ ҳатто гӯш надоданд.

Дар навиштаи худ ӯ бо муроҷиат ба президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон изҳор медорад, ки намояндагони мақомоти маҳаллӣ, ки омадаву кӯчидани онҳоро талаб карданд, гуфтанд, ки онҳо аз номи раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ амал мекунанд, гӯё дар ин ҷо барои фарзандони сарвари давлат хонаҳо сохта мешудаанд.

"Мутмаинам, ки аз ин қазия огаҳ нестед. Шумо намехостед, ки хонаи собиқ президенти кишварро, ки аз 3 номзади эҳтимолӣ маҳз шуморо ба мансаби Раиси Олӣ пешниҳод намуд, тахриб кунед. Убайдуллоев бояд дар ин бора ба шумо хабар дода бошад ва падарам дар ин интихоб хато накарда буд. Бовар дорам, ки шумо хонаро боқӣ гузоштанӣ ва минбаъд ба он мақоми хона-осорхона доданиед. Бигзор ҳифзи хонаҳои раҳбарони кишвари Ҷумҳурии Тоҷикистон як анъанае барои наслҳои оянда шавад. Ва бигзор хонаи шумо ҳам нигоҳ дошта шавад, то касе ба фарзандони шумо чунин корро карда натавонад", - менависад духтари собиқ президент.

Дар ҳамин ҳол, ӯ аз аҳли ҷомеа даъват кардааст, ки ӯро дастгирӣ кунанд, то ки манзили волидонаш боқӣ гузошта шуда, дар он осорхонаи начандон бузург сохта шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.