Се нафар рӯзноманигори гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” дар яке аз бузургтарин озмунҳо барои рӯзноманигрони минтақаи “Осиёи Марказӣ” - MediaCAMP Award 2021 ғолибият ба даст оварда соҳиби ҷоизаҳо шуданд.

Маросими ҷамъбасти озмун дар доираи фестивали серӯза тариқи онлайн таҳти унвони “Истеҳсоли Осиё”, ки аз барномаҳои snap talk, лексияҳо, мубоҳисаҳо, семинарҳо ва намоиши филмҳо дар мавзуъҳои мухталифи ВАО иборат буд, ҷараён гирифт.

Рӯзи 12 сентябр ғолибону ҷоизадорон эълон шуданд. Аз рӯйи натиҷаҳои озмун се рӯзноманигори гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” дар номинатсияҳои гуногун ғолибият ба даст оварда, соҳиби ҷоизаҳо шуданд.

Рӯзноманигор Пайрав Чоршанбиев яке аз рӯзноманигорони камшуморест, ки ба масъалаҳои иқтисодӣ сарукор дорад. Дар номинатсияи “Беҳтарин инъикоси нишастҳои матбуотӣ” ӯ ғолиб эълон шуд. Корҳои Пайравро мунаққидони расонаҳои “Новый репортер» аз минтақаҳои гуногун баҳогузорӣ намуданд.

Пайрав Чоршанбиев
Asia-Plus

“Баргузории нишастҳои матбуотӣ кори душвор ва  инъикоси он боз ҳам душвортар аст. Чӣ тарз савол додану чӣ гуна посух гирифтан - ҳамааш ба сатҳи касбияти рӯзноманигор вобаста аст. Аз ин рӯ, Пайрав дарвоқеъ ҳам ба ин мукофот арзандаву шоиста аст”, - мегӯяд мунаққиди расонаии тоҷик Манижа Қурбонова.

Мазҳаб Ҷумъа, хабарнигори “Азия-Плюс” дар номинатсияи “Мавзӯи сол. Замони пандемия” ғолиб дониста шуд. Маводи ӯ зери унвони “Таҳқиқ: Фавт дар соли 2020 зиёд шуд. Чаҳор ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз чӣ фавтид?”, ки дар ҳамдастӣ бо Муллораҷаб Юсуфзода таҳия шудаааст, ба зинаи аввали ҷоизавӣ сазовор дониста шуд.

Мазҳаб Ҷумъа
Asia-Plus

Дар ин мавод рӯзноманигорон талош варзидаанд, ки эътимоднокии омори расмӣ дар бораи ҳолатҳои сироятёбӣ ва фавт аз коронвирусро дар Тоҷикистон таҳқиқ намоянд. Онҳо ба якчанд шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ сафар карда, аз оромгоҳҳо боздид намуданд ва бо мардум суҳбатҳо доштанд. Дар натиҷа аз гӯрҳои “С20” ва аз ҷониби киҳо шабона гӯронидани ҷасадҳо огаҳӣ ёфтанд.

Боз як рӯзноманигори “Азия-Плюс” Анна Мифтахова барои маводаш таҳти унвони «Мне 500 лет, о нем сложено множество легенд и живет оно в Худжанде» бо ҷоизаи махсус қадрдонӣ шуд.

Ин қиссаро дар бораи дарахти қадимии тут Анна аз номи худи дарахт, ки сокинон онро Тути Калон меноманд, рӯйи сафҳа меорад. Маҳз ҳамин гуна тарзи пешниҳоди мавод таваҷҷуҳи ҳайати ҳакамонро ҷалб кардааст.

Анна Мифтахова
Asia-Plus

Тути Калон дар маркази шаҳри Хуҷанд, байни манзилҳо воқеъ буда, мавзеи сайёҳӣ ва ёдгории таърихии зинда ба ҳисоб меравад.

Сеюмин  фестивали MediaCAMP MediaCAMP Award 2021, ки аз ҷониби Internews созмон дода мешавад, чун соли пешин имсол низ тариқи онлайн баргузор шуд. Давоми тамоми солҳои озмун ин дафъа аз панҷ кишвари минтақа шумори рекордии корҳо пешниҳод шуд. Ҳамагӣ 700 дархост қабул шуда, 91-тои онҳо ба даври финалӣ роҳ ёфтанд. Ии мавод аз ҷониби рӯзноманигорону аксбардорон ва намояндагони дигар самтҳои расонаҳо аз Қазоқистону Тоҷикистон, Ӯзбекистону Қирғизистон ва Туркманистон пешниҳод шуданд. Озмун аз шаш номинатсия иборат буд.

Ғолибон мукофотпулӣ ва гувоҳнома (сертификат) ва барандагони зинаи аввал - боз тандис (статуэтка) ҳам мегиранд.

Ғолибону ҷоизадоронро аз самими қалб табрику таҳният гуфта, барояшон фатҳи қуллаҳои нави эҷодиро орзумандем!

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.