Профессори фахрии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, деҳқони соҳбтаҷриба ва ангурпарвари маъруф Ҳоҷинеъмат Усмонов, ки президенти кишвар тез-тез меҳмонаш мешавад, дар хоҷагии худ натанҳо навъҳои гуногуни ангури хуштаъм, балки гулу растаниҳои нодир барои Тоҷикистонро низ парвариш мекунад.
Ниҳоли гулу бутта ва растаниҳои ӯ аз 10 то 1000 сомонӣ нарх доранд. Маҳз дарахтони ороишӣ ва гулҳои ӯ Қасри миллатро зебу зинат медиҳанд.
Ҳамчунин боғи ӯ дар шаҳри Турсунзода ҷойи таҷрибаомӯзии мутахассисони ҷавони бахши кишоварзии ҷумҳурӣ аст. Маҳз назди ӯ донишҷӯён аз боғдорӣ, роҳу воситаҳои беҳтар кардани ҳосил ва мутобиқгардонии ниҳолу буттаҳои воридшуда ба кишвар сабақ меомӯзанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.