Кормандони осорхона, ки ба саргузашти адиб арҷи эҳтиром гузошта, онро эҳтиёткорона маҳфуз нигоҳ медоранд, кӯшиш кардаанд, ки дар давоми 16 дақиқа дар бораи чӣ гуна рӯҳ доштан ва манзили устод ҳикоят кунанд. Ва рамзист, ки тоҷикистониён ин филмро маҳз ҳоли ҳозир тамошо мекунанд, вақте ки тақдири осорхона ҳал мешавад...

Дар ин навор мудири осорхона Шердил Каримов дар бораи якчанд давраи таърихи ин хонаву зиндагии нависанда дар он, чизҳое, ки имрӯз дар осорхона ҷамъоварӣ шудаанду бахше аз ҳаёти худи Айнӣ мебошанд, масалан, туҳфаи ӯ аз падараш ва танбӯр ё дигар чизҳои ба осорхона туҳфашуда маълумот медиҳад.

Хона-музейи Садриддин Айнӣ соли 1978 ба ифтихори 100-солагии адиб таъсис дода шуд. Ӯ бештари умри худро дар Самарқанд гузаронида, дар шаҳри Душанбе аз соли 1951 то 1954 то дами марг зиндагӣ кардааст. Аҳли оилааш боз чандин сол дар ин хона иқомат доштанд.

Айни замон хона-музей муассисаи давлатии фарҳангӣ буда, дар тавозуни Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Соли 2018 ба ифтихори 140-солагии адиб бо дастури президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон хона-музей мавриди таъмиру таҷдид қарор гирифта, дар вазъияти тантанавӣ боз шуд.

Чанд рӯз пеш шаҳрдории Душанбе пешниҳод намуд, ки Хона-музейи сардафтари адабиёти муосири тоҷик тахриб ё ба ҷойи дигар кӯчонида шавад. Ҳоло маълум нест, ки дар ҷойи он чӣ иншооте сохта мешавад.

Зиёиёни эҷодӣ мухолифи ин пешниҳод садо баланд карданд. Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи меъморон, мудири осорхонаҳои муттаҳидаи мемориалии адабӣ Моҳшариф Табарова, инчунин пайравон ва пайвандони Садриддин Айнӣ бо мактуб ба президенти кишвари муроҷиат намуда, дархост карданд, ки хона-музей дар ҷояш боқӣ гузошта шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.