Тоҷикистон ва Русия зимни ҳисоби шумори муҳоҷирон аз методологияи гуногун истифода мебаранд, аз ин рӯ, маълумот дар бораи шумори муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави Русия аз ҳамдигар фарқ доранд, изҳор доштааст муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ.
Ӯ зикр кардааст, ки дар зарфи 10 моҳи соли 2021 331 ҳазору 353 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати кориро ихтиёр кардаанд.
“Инҳо шаҳрвандоне мебошанд, ки зимни хориҷ шудан корти муҳоҷиратро пур мекунанд”, - хабар медиҳад “Независимая газета” бо истинод ба Нодирӣ.
Ба гуфтаи ӯ, нисбат ба тамоми соли 2020 шумори муҳоҷирони меҳнатӣ дар 10 моҳи соли ҷорӣ 2,8 баробар зиёдтар аст.
Муовини вазир таъкид доштааст, ки ҳудуди 95%-и муҳоҷирони меҳнатии тоҷик барои кор Русияро ихтиёр мекунанд.
“Бо тартиби сафарбарии муташаккилона аз оғози соли 2021 мо тавассути Агентии шуғли назди Вазорат 1 330 нафар ва тариқи агентиҳои хусусии шуғл - 560 касро ба хориҷи кишвар ба кор фиристодем”, -иброз доштааст Нодирӣ.
Ӯ зикр кардааст, ки тариқи муташаккилона муҳоҷирон бештар ба Иркутск, Чита, Новосибирск, Ростови лаби Дон, Маскав, Санкт-Петербург, вилоятҳои Маскав ва Ленинград сафарбар мешаванд.
Созишномаи байниҳукуматӣ байни Тоҷикистон ва Русия дар бораи сафарбарии муташаккилонаи шаҳрвандон барои анҷом додани фаъолияти кории муваққатӣ дар қаламрави Русия соли 2019 ба имзо расида буд.
“Аммо бар асари хуруҷи пандемия амали санад то барқарор шудани алоқаи ҳавоӣ байни кишварҳо дар соли 2021 боздошта шуд”, - илова кардааст Нодирӣ.
Мақомоти муҳоҷирати Русия шумори муҳоҷирони кории тоҷикро дар қаламраваш зиёда аз 1 млн нафар арзёбӣ мекунад.
Тафовути маълумоти Тоҷикистон ва Русия дар бораи шумори муҳоҷирони тоҷик шояд ба он вобаста бошад, ки қисмати зиёди онҳо муддати тамоми сол фаъолият намуда, қисмате аз онҳо баҳор ба муҳоҷират рафта, бо фарорасии сардиҳо ба ватан бармегарданд.
Тибқи маълумоти Бонки марказии Русия, ҳаҷми интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон дар 6 моҳи соли равон 752,4 млн долларро ташкил додааст, ки 10,8% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.