Вазъи сиҳатии тоҷикистонии боррасон (курер)-ии “Яндекс.Еда” муътадил шуда, ӯро аз шуъбаи эҳё ба дигар шуъба гузарониданд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Рӯзи 14 декабр дар истгоҳи автобуси “Рязанский проспект” дар шаҳри Маскав марди роҳгузаре ба гардани боррасони “Яндекс.Еда” Хайрандеш Худойназаров бо корд зарба зад. Сипас тоҷикистониро дар шуъбаи эҳёи дармонгоҳи шаҳрии ба номи Иноземтсев бистарӣ карданд.

“Кормандони сафорат шаҳрванди ҷабрдидаро аёдат карда, бо худаш ва табибони муолиҷакунандаи ӯ гуфтугӯ карданд. Ҳозир вазъи солимии Худойназаров муътадил шуда, ӯро аз шуъбаи эҳё ба палатаи маъмулӣ гузарониданд”, - гуфтанд дар намояндагии дипломатӣ.

Зимнан зикр шуд, ки нисбати марди ҳамлагр парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот ҷараён дорад, лекин мушаххасан нагуфтанд, ки ӯ бо кадом модда айбдор карда мешавад.

Тибқи маълумоти ВАО-и Русия, гумонбар ба суиқасди куштор сокини 40-солаи вилояти Кемерово боздошт шуда,  муайян шудааст, ки замони содир кардани ҷиноят ӯ дар ҳолати мастӣ қарор доштааст.

Ба гуфтаи шоҳидон, марди ҳамлагар рафтори ношоиста карда, ба унвони боррасон фарёду ӯро таҳқир намудааст. Як шоҳид гуфтааст, ӯ чунин изҳори норозигӣ кардааст: “Аз пушти ту ман бекорам”.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.