Зимни ироаи паём ба парлумон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори навбатӣ бобати истифодаи аз ҳад зиёди телефонҳои мобилӣ аз ҷониби аҳолӣ изҳори нигаронӣ кард.
Дар матни паём зикр мегардад, ки “тайи 10 соли ахир аҳолии Тоҷикистон барои дастрасӣ ба алоқаи мобилӣ зиёда аз 30 млрд сомонӣ сарф кардааст”.
“Ин қариб 3 млрд доллар буда, маблағи кам нест, - гуфт ӯ. - Бо ин маблағ мо неругоҳи Роғунро сохта метавонем”.
Президент зикр кард, ки аҳолӣ ҳамасола ба операторони мобилӣ, ки 90%-ашон ширкатҳои хориҷиянд, 3 млрд сомонӣ пардохт мекунад.
“Моро лозим аст, ки фарҳанги истифодаи телефонҳои мобилиро бознигарӣ кунем. Ба ин хурсанд шудан лозим нест, оянда мушкилоти ҷиддӣ пайдо шуданаш мумкин аст, гирифторӣ ба бемориҳо, аз ҷумла саратони мағзи сар”, - иброз дошт сарвари давлат.
Президент аз аҳолӣ даъват намуд, ки наврасону кӯдакони хурдсолро, ки “телефону компютер бозичаҳояшонро иваз намудааст” эҳтиёт кунанд.
Ӯ таъкид дошт, ки шумори корбарони аоқаи мобилӣ дар кишвар тайи солҳои соҳибистиқлолӣ қариб 30 баробар афзудааст. “Агар соли 1991 шумори муштариёни алоқаи телефон ҳамагӣ 277 ҳазор нафарро ташкил медод, пас соли 2021 шумори онҳо ба беш аз 8 млн нафар расид”, - илова кард ӯ.
Қобили зикр аст, ки соли 2010 низ аз ҷониби президент ба ҳамин монанд интиқод садо дода буд.
Он сол таърихи ташаккул ва рушди алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистонро ба ду давраи аз ҷиҳати сифат комилан фарқкунанда - пеш аз ва баъд тақсим кард.
Пеш аз
Дар солҳои 2000-ум Тоҷикистон аз лиҳози рушди бозори алоқаи мобилӣ натанҳо дар паҳнои Осиёи Марказӣ, балки байни кишварҳои ИДМ низ мавқеъҳои пешсафро ишғол мекард.
Бозори он замон боз ба операторони мобилӣ имкон медод, ки пул кор карда, қисмате аз даромадро ба рушди зерсохтор равона созанд.
Тоҷикистон аввалин шуда дар Осиёи Марказӣ шабакаҳои 3G-ро роҳандозӣ намуда, инчунин яке аввалинҳо дар оғози кор бо технолгияи 4G маҳсуб меёфт.
Ба туфайли хидматрасонии босифат ба муштариён, таърифаҳои нисбатан паст ва муҳити бештар озодтар даромади ширкатҳои мобилӣ мунтазам афзоиш меёфт. Охири соли 2009 даромади онҳо тақрибан 320 млн долларро ташкил дод.
Барои муқоиса: соли 2019 даромади операторони хусусӣ 213 млн доллар ва соли 2020 - 243 млн долларро ташкил дод.
Яъне операторон аз даромади ҳарсола ба маблағи 100 млн доллар маҳрум шуданд, ки як қисмеро бояд ба буҷет ворид мекарданд.
Баъд
Охири моҳи апрели соли 2010 Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи ҳукумат интиқод кард, ки шаҳрвандони кишвар ба алоқаи мобилӣ пули хеле зиёд харҷ мекунанд.
Пас аз ин як маъракаи густардаи бадномкунии (сиёҳкунии) алоқаи мобилӣ оғоз гардида, шабакаҳои телевизионӣ дар бораи зарари телефонҳои мобилӣ ба саломатии инсон ва ғайра гузоришҳо намоиш доданд.
Сипас дар ҷумҳурӣ таблиғ (реклама)-и ширкатҳои мобилӣ маҳдуд шуда, баннерҳо (лавҳаҳо)-и онҳо дар шаҳр барканор шуданд, лекин баъди интиқоди созмонҳои байналмилалӣ, мақомот манъи таблиғи хидматрасониҳои алоқаи мобилиро бекор карданд.
Дар поёни соли 2010 парлумони Тоҷикистон бо пешниҳоди ҳукумат ҷорисозии андози аксизиро барои фаъолияти ширкатҳои мобилӣ маъқул дониста, ин тасмимро зарурати пур кардани буҷети кишвар маънидод кард. Аввали соли 2011 тағйирот ба андози аксизӣ бо меъёри 3% эътибори қонунӣ пайдо кард.
Зимнан ҳоли ҳозир меъёри аксиз барои операторони мобилӣ 5% буда, аз 1-уми январи соли оянда, ки Кодекси нави андоз мавриди амал қарор мегирад, ин меъёр то 7% боло меравад.
Соли 2016 Хадамоти алоқа Маркази ягонаи коммутатсионӣ (МЯК) таъсис дод, ки тавассути он хадамоти алоқаи байналмилалӣ ва интернетии ҳамаи операторҳо ва ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерҳо)-и кишвар ҷамъу ба танзим дароварда мешаванд. Ба истилоҳи дигар, Хадамоти алоқа бозорро пурра зери монополия (инҳисор)-и худ гирифт.
Ҳамзамон Кумитаи андоз ҳамаи ширкатҳои бузурги мобилиро чандин миллион долларӣ ҷарима баст. Кӯшишҳои операторҳо барои эътироз ба ин даъвоҳо дар додгоҳ танҳо ба фоидаи мақомоти андоз ҳал карда шуданд.
Пас аз ин, сармоягузорони хориҷӣ ба тарки бозори телекоммуникатсионии Тоҷикистон оғоз намуданд.
Аз ҷумла холдинги ҳолландии VEON Ltd оператори «Таком» (тамғаи «Билайн»)-ро ба ZET Mobile Limited-и Тоҷикистон ва ширкати Telia-и Шветсия бастаи саҳмияҳои худро дар Tcell ҳамроҳ бо ҳамаи уҳдадориҳо аз рӯи андоз ба Фонди Оғо Хон оид ба рушди иқтисод фурӯхт.
Боз як оператори алоқаи мобилӣ бо сармоягузории Чин - TK-Mobile худро муфлисшуда (банкрот) эълон кард.
Намояндагони ширкатҳо аз шарҳи ошкоро дар бораи интиқоди президент ва эҳтимоли оғози даври нави маъракаҳо алайҳашон худдорӣ мекунанд.
Чиро метавон интизор шуд?
Корманди яке аз ширкатҳо бо сармояи хориҷӣ, ки нахост номаш ифшо гардад, иброз дошт, ки тақсими ширкатҳо ба маҳалливу хориҷӣ нодуруст аст, зеро ҳама гуна сармоягузори хориҷӣ барои кор дар Тоҷикистон дар ҳамин ҷо ширкати худро сабтином карда, он аллакай аз Тоҷикистон мешавад.
Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, даромади ин ширкат дар қаламрави ҷумҳурӣ мемонад: қисмате аз онҳо ба рушди тиҷорат ва қисми дигар - ба пардохти андозҳо ва таъмини кормандон (маош ва ғайра), ки шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, равона мегардад.
Намояндаи оператори мобилӣ иқрор шуд, ки дар ширкат аз ҷониби мансабдорон иқдомоти эҳтимолиро интизорӣ доранд.
«Мансабдорони мо хеле боғайрату хидмагузоранд. Агар роҳбарият фармон диҳад, ки салла биёред, онҳо онро бо каллааш меоранд”, - гуфт ӯ.
Аз эҳтимоли ҷорӣ шудани баъзе хироҷи изофӣ аз ширкатҳои мобилӣ, ба гуфтаи ҳамсӯҳбат, ҳама ҷонибҳои марбут ба бозор зарар мебинанд - даромади операторон ва мутаносибан, хироҷи мақомоти молиявӣ кам мешавад, вале бештар корбарон зарар мебинанд.
"Ҳама гуна тиҷорат хароҷоти иловагиро ба дӯши истеъмолкунандагон, корбарон мегузорад, то бе фоидаи пешбинишуда намонад", - шарҳ дод ӯ.
Номбурда хотиррасон намуд, ки аллакай аз 1 январи соли оянда операторон таърифаҳоро тағйир медиҳанд, чунки меъёри андози аксизӣ аз 5% то ба 7% боло бурда мешавад.
Дар ҳамин ҳол, раиси Асссосиатсияи операторони алоқаи мобилӣ Ғафур Эркаев бо интиқоди президент дар он қисмате, ки аксарият аз телефонҳои мобилӣ ғайримақсадноку ноогоҳона истифода мебаранд, розӣ аст.
«Масалан, шахс занг зада, дар диапазони овозҳо 30-40 дақиқа гуфтугӯ мекунад. Он ба зеҳни як шахс - шахсони алоҳида алоқаманд аст. Мафҳуме ба мисли одоби мобилӣ вуҷуд дорад, ки мо ба корбарон тавсия медиҳем. Аммо мардуми мо суханпардозиро дӯст медоранд, ки ба тафаккури шарқӣ иртибот дорад”, - иброз дошт ӯ.
Аз ҷониби дигар Эркаев муътақид аст, ки алоқаи мобилӣ, интернет ҳоло як заруратест, ки бидуни он ҳамзистӣ дар ҷаҳони муосирро тасаввур кардан душвор аст.
Ба гунаи мисол ба гуфтаҳои Иркаев танҳо як рӯйдоди воқеиро зикр мекунем: баъди гирдиҳамоӣ дар Хоруғ тамоми минтақа як моҳ боз ба интернет дастрасӣ надорад.
Хатмкунандагони мактабҳои ВМКБ аввали моҳи декабр маҷбур шуданд, ки бо мошин тақрибан 700 километр роҳро то пойтахт тай кунанд, то ки расмиёти зарурии дохилшавӣ ба донишгоҳҳои Русияро ба таври фосилавӣ гузаранд. Танҳо нархи роҳкиро аз Хоруғ то Душанбе ва бозгашт 600 сомонӣ аст.
Хароҷоти волидони ин кӯдакон аз камбизоаттарин минтақаи кишвар чандин бор афзоиш меёбад. Хусусан бо назардошти он, ки ду ҳафта боз дар Душанбе қарор дошта, интизори имтиҳони навбатии дохилшавӣ ҳастанд ва дар ин ҷо лозим аст, ки дар ҷое бихӯранду бихобанд, интернетро истифода баранд ва маблағи интернетро пардохт кунанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.