Дар робита ба вазъият атрофи Укроин ва Русия ва дар доираи боздошти амалиёти низомҳои пардохти Visa ва Mastercard дар низомҳои интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон ва аз Тоҷикистон ба Русия баъзе тағйирот ба амал омад.

Ахиран корбарони шабакаҳои мо дар ин хусус бо саволҳои зиёд муроҷиат мекунанд. “Азия-Плюс” талош варзид, ки ба ин масъала мувофиқи имкон рӯшанӣ андозад.

Аз Русия ба Тоҷикистон пулро чӣ хел фиристодан лозим аст?

Пулро аз Русия ба Тоҷикистон бо низомҳои Contact, «Юнистрим», «Вестерн Юнион» (то 24 март) ё тариқи онлайн – тавассути сомона ё замимаҳои (приложения) мобилӣ фиристодан мумкин аст.

Мегӯянд низоми пардохти “Вестерн Юнион” аз кор бозмемонад, ин рост аст?

Бале. Низоми «Western Union” аз 24 марти соли 2022 фаъолияти худро дар қаламрави Русия қатъ мекунад.

Дар ин робита ҳамаи интиқолҳои фаромарзӣ, ки аз Русия тариқи низоми зикршуда то 24 марти соли 2022 фиристода мешаванд, ба шахсони онро қабулкунанда ба таври бояду шояд (пурра) пардохт карда мешаванд.

Донистан муҳим аст, ки интиқоли маблағ тариқи ин низом аз дигар кишварҳо ба ҷуз Русия ва Беларус, бо тартиби муқаррарӣ анҷом дода мешаванд.

Кортҳои дар Русия нашршудаи Visa ва Mastercard дар Тоҷикистон кор мекунанд?

Кортҳои дар Русия нашршудаи Visa ва Mastercard дар хориҷа ва интернет-мағозаҳо (фурӯшгоҳҳо)-и хориҷӣ аз кор бозмонданд.

Ҳамчунин дар Русия аз 10 март кортҳои бонкҳои хориҷӣ дигар кор намекунанд.

Кортҳои Visa ва Mastercard дар қаламрави Русия ба корашон идома медиҳанд, зеро амалиёт бо онҳоро Низоми миллии кортҳои пардохт мегузаронад.

Сурат аз сомонаи 24.kg

Яъне акнун бо кортҳои дар бонкҳои Русия нашршудаи Visa ва Mastercard дар Тоҷикистон пул гирифтан мумкин нест?

Бале, агар шумо дар даст кортҳои аз ҷониби бонкҳои Русия нашршуда дошта бошед, дар Тоҷикистон аз онҳо пул гирифта наметавонед. Ҳамчунин дар Русия шумо аз кортҳои Visa ё Masterсard, ки аз ҷониби бонкҳои хориҷӣ, аз ҷумла бонкҳои Тоҷикистон нашр шудаанд, истифода бурда наметавонед.

Бо кадом кортҳо метавон аз Русия ба Тоҷикистон пул фиристод?

Ба ҷойи Visa ва Mastercard, ки корашон дар қаламрави Русия қатъ шуд, шумо метавонед аз корти “Мир” ва “Union pay” ба “Корти миллӣ” истифода баред. Ҳамчунин тариқи онлайн-замима (приложение) низ пулро ба Тоҷикистон фиристодан мумкин аст.

Тариқи Сбербанк Онлайн пулро ба Тоҷикистон чӣ гуна фиристем?  

Замимаи СберБанк Онлайнро боз кунед → «Пардохт» → «Ба хориҷа» → «Бо Фамилия, ном, номи падар (ФННП, ФИО) ва рақами телефон».

Интихоби кишвар → пул (асъор) ва маблағи интиқолро ворид кунед → ФННП-ро ба монанди ҳуҷҷати қабулкунанда ва рақами телефони ӯро ворид кунед — барои огаҳ кардан дар бораи интиқол.

Ба шумо ва шахси қабулкунанда (фиристодаатон) Паёмак (СМС) бо рақами назоратии интиқол меояд.


Аз низоми SWIFT хориҷ кардани Русия ба бонкҳои Тоҷикистон чӣ таъсир расонида метавонад?

Бонкҳои Тоҷикистон бо низоми SWIFT мустақиман пайваст буда, барои кор бо бонкҳои Русия, ки метавонанд аз ин низом хориҷ шаванд, воситаҳо (каналҳо)-и алтернативӣ (ҷойгузин) мавҷуданд.

Мутахассисон маслиҳат медиҳанд, ки дар робита ба низомҳои интиқоли пул бидуни кушодани суратҳисоби бонкӣ, ки муҳоҷирони кории тоҷик аз он истифода мебаранд, ба ташвиш афтодан лозим нест.

Ба гуфтаи мутахассисон, аз соли 2014 хатти (канали) иттилооти электронӣ  оид ба амалиёти молиявӣ – Низоми интиқоли иттилооти молиявӣ (СПФС) амал мекунад.

Ин низом барои интиқол ба бонкҳои зери таҳрим қарордошта ҷиҳати пардохт дар дохили Русия ташкил шуд. Ба он бонкҳои ҷудогонаи Арманистон, Беларус,Қазоқистон, Қирғизистон, инчунин Тоҷикистон пайвастанд.

Чӣ хел аз Тоҷикистон ба Русия метавон пул фиристод?

Шумо аз ҳама гуна бонкҳои Тоҷикистон пул фиристода метавонед. Дар бонкҳо ё филиалҳои онҳо аз Шумо танҳо бо шиноснома талаб карда мешавад.

Ҳамчунин бо пайвасти корти “Корти милли” инро метавон тариқи замимаҳои (приложение) мобилӣ анҷом дод ва маблағро гузаронид. Интиқоли маблағро ҳамаи кортҳои Русия қабул мекунанд.

Барои интиқоли пул аз Тоҷикистон ба Русия маҳдудият (лимит) вуҷуд дорад?

Дар Бонки миллии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуданд, ки расман маҳдудият вуҷуд надорад. Лекин дар бонкҳо лимити шабонарӯзӣ муқаррар шудааст. Масалан, дар бонки “Арванд” хабар доданд, ки дар як шабонарӯз то 5 ҳазор рубл (бо сомонӣ) ва то 20 ҳазор рубл (бо рубл) фиристодан мумкин аст. Дар замимаи Alif mobi лимити то 100 ҳазор зикр шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, TelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.