Рӯзи 30 март дар кинотеатри “Наврӯз”-и шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Тавре ки дар сомонаи Муасисаи давлатии “Тоҷикфилм” хабар дода мешавад, ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ таҳкими ҳамкориҳо бо синамогарони ӯзбек ва роҳандозии татбиқи лоиҳаҳои муштарак мебошад.

Нишасти матбуотӣ оид ба баргузории Рӯзҳои кино 30-юми март соати 14:00 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров барои рӯзноманигорону мухбирони Васоити ахбори омма пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад, муддати се рӯз филмҳои гуногунжанри истеҳсоли Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намоиш дода шуда, алоқамандони синамои миллӣ метавонанд аз ин филмҳо дидан намоянд.

Рӯзҳои намоиши филмҳо дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст: https://bit.ly/3IMMaur.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.