Шаҳрдории Душанбе дирӯз, 1-уми август бо нашри як паёми вижа аз пайдо шудани саҳифаҳои қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба номи раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳушдор дод.

“Ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва корбарон мерасонем, ки вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Facebook, Instagram, WhatsApp, Viber, Telegram, Twitter ва ғайра саҳифаҳое ба унвонии Раиси МММО, раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ саҳифаҳои иҷтимоии қалбакӣ боз гардида, истифодабарандагони шабакаи иҷтимоӣ, бахусус мардуми Тоҷикистон ва берун аз онро ба гумроҳӣ мебаранд», - омадааст дар изҳорот.

Дар паём аз тамоми шаҳрвандон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дархост шудааст, ки ба ин саҳифаҳои сохта, ба истилоҳ қалбакӣ бовар накунанд.

Барои ҳаллу фасли мушкилоту ниёзмандиҳо муроҷиат ва ибрози дархосту андешаҳои худ  бо суроғаҳои зерин тавсия мешавад:

- почтаҳои электронии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ - [email protected], Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе - [email protected]

- сомона ва саҳифаҳои расмӣ - www.dushanbe.tj

- Fasebook: @DUSHANBECAPITAL,  Инстаграм:  dushanbe_official, вайбери мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе - 985-95-22-22.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.